ТАСВИБИ ҚОНУНИ БУДҶАИ ДАВЛАТӢ БАРОИ СОЛИ 2012
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе қонуни будҷаи давлатӣ барои соли 2012-ро ба тасвиб расонд. Ҳукумати Тоҷикистон ин тарҳро рӯзи 30 сентябр тасвиб карда буд. Қисми дахли будҷаи кишвар барои соли оянда 10 миллиарду 160 миллион ва қисми харҷаш 10 миллиарду 340 миллион сомонӣ муқаррар шуда, касри будҷа 180 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Вазири молияи Тоҷикистон дар ҷараёни баррасии тарҳи будҷа дар парлумон гуфтааст, ҳудуди 50 дарсади будҷаи соли 2012 ба бахшҳои иҷтимоӣ аз ҷумла маориф, беҳдошт ва ҳифзи иҷтимоӣ ихтисос хоҳад ёфт. Бар пояи иттилои Вазорати молияи кишвар, мувофиқ ба тарҳи буҷаи соли 2012 буҷаи соли ояндаи соҳаи маориф дар муқоиса ба соли равон 32 дарсад ва бахши тандурустӣ 42 дарсад, соҳаи илм бошад 20 дарсад бештар будааст.
Ба қавли иқтисоддонҳои тоҷик, ягона маблағи бузурге, ки вориди Тоҷикистон мешавад ва ба буҷа таъсири мусбат дорад, ин пули муҳоҷирони корӣ мебошад, вале он ҳам бинобар адами истеҳсоли дохилӣ барои харидории маводи лозима дубора ба хориҷи кишвар меравад.
Бо ин ҳол, агарчӣ ҳукумати Тоҷикистон дар буҷаи соли ояндаи худ мегӯяд, ки бахши иҷтимоии кишвар ба сурати умум афзоиш дода мешавад, вале ҳанӯз рӯшан нест, ки манобеи ҷамъоварии ин маблағҳо аз кадом сарчашмаҳо мебошад.
«Озодӣ»