15:59:43 03-уми Июни 2025 сол

ҲАФТАИ АВРУПО 2011 – "ҶАВОНОН МОРО НАЗДИК МЕСОЗАНД"

Имрӯз, 2-юми ноябр, бо ибтикори Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон  ҷашни ҳарсолаи фарҳангии "Ҳафтаи Аврупо" дар шаҳри Душанбе шурӯъ ба кори худ карда он  то 15 ноябр идома мекунад.

 /images/stories/2011/11/02_european_week_2011.jpg

"Ҳафтаи Аврупо – 2011" якчанд чорабиниҳоро дар бар мегирад, ки аз тарафи Маркази фарҳангии "Бохтар" ва шарикони он бо мақсади шинос намудани аҳли ҷомеа бо ҷанбаҳои иҷтимоӣ, бадеӣ ва маорифии фарҳанги мамлакатҳои Аврупо тайёр карда шудаанд. Тақдими натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ, баҳсу мунозираҳо оиди масъалаҳои иҷтимоии муосир, намоишҳои мусиқӣ ва театрӣ дар доираи ин фестивали ҳарсолаи фарҳанги аврупоӣ низ намоиш дода мешаванд.

Мавзӯи  имсолаи «Ҳафтаи Аврупо 2011»  - "Ҷавонон моро наздик месозанд" мебошад. Дар чорчӯбаи ин чорабинӣ баҳсу мунозираҳои байналхалқӣ "Насли наврас: стратегияҳои нави ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ" гузаронида мешавад. Ҳафтаи Аврупо 2011 ҳамчунин фестивали филмҳои бадеӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғон-теппаро дар бар мегирад, ки дар ин филмҳои бадеии аврупоӣ сухан оиди масъалаҳои гуногуни ҳаёти имрӯзаи ҷавонон меравад.

Ҳамчунин, дар доираи ин ҳафта маърӯзаи озод дар бораи ҳамкории байни Фаронса ва Тоҷикистон дар соҳаи бостоншиносӣ баргузор мегардад.  Паскаль Делэ, раққоси қиёфабози фаронсавӣ, дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа баромад менамояд, ва, аз он ҷумла, ба раққосони театри "Падида" дарси маҳорат мегузаронад.

Раққосони театри "Падида" натиҷаи онро дар шаҳри Душанбе  манзури тамошобинон  мегардонанд. Фестивали мусиқӣ дар осорхонаи асбобҳои мусиқии ҳунарманди мардумии Тоҷикистон марҳум Гурминҷ Завқибеков баргузор мегардад.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854