08:44:30 02-уми Июли 2025 сол

ШОДИИ МАРДУМИ ЛИБИЯ БО ШИОРИ «АЛЛОҲУ АКБАР»

Мардуми Либия, ки дар паси суқути Муаммар Қаззофӣ ба ваҷд омаданд, ба хиёбонҳо рехта ва бо сар додани шиори «Аллоҳу Акбар», суқути диктатори худро ҷашн гирифтанд.

/images/stories/2011/08/22_liby-piruzi_22.8.2011.jpgТибқи гузориши «Форс», дар пайи эъломи қатъи суқути режими Қаззофӣ, мардуми шаҳрҳои мухталифи Либия ба хиёбонҳо рехта ва ба ҷашну шодӣ мепардозанд. Аз нукоти ҷолиб дар ин шодиҳо ин ки аксари мардум бо ҳамроҳии инқилобчиён ва нерӯҳои низомӣ ба боло бурдани парчам ва сар додани шиори «Аллоҳу Акбар» ба шодӣ пардохтанд.

Ба рағми ин ки режими Қаззофӣ дар соати аввали бомдоди имрӯз суқут кард, ҷашни суқути Қаззофӣ аз ҳамон нимаҳои шаб баргузор шуд ва мардум бо шурӯ шавқи инқилобиву савори бо худравҳо ва сар додани шиорҳои «Аллоҳу Акбар», ин пирӯзии бузургро ҷашн мегиранд.

Дар ҳоли ҳозир нерӯҳои инқилобӣ, контроли комили шаҳри Таробулс, пойтахти Либияро ба даст гирифта ва Қаззофӣ низ дар паёме эълом карда, ки аз куштани мардум нороҳат аст ва омодаи музокира бо нерӯҳои инқилобӣ мебошад.

Раиси шӯрои низомии Таробулс низ лаҳазоти пеш дар байни мардум дар майдон сабз ҳозир шуд ва аз таслим шудан гурӯҳ-гурӯҳ низомиёни Қаззофӣ ва пайвастани онҳо ба сафи инқилобчиён хабар дод.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ