ДАСТИКАМ 30 НАФАР ДАР ХУШУНАТҲОИ КАРОЧӢ КУШТА ШУДААНД
Ба гузориши манобеъи пулиси Покистон, тайи ду рӯзи гузашта, дастикам 30 нафар дар Карочӣ, бузургтарин шаҳри Покистон, кушта шудаанд ва шароити аҷсоди кашфшуда тавассути нерӯҳои пулис ба вузуҳ нишон медиҳад, ки ин афрод қабл аз марг шиканҷа шуда буданд.
Ин ҷасадҳо дар кисаҳое қарор дода ва дар бахшҳои мухталифи Карочӣ андохта шуда буданд. Хушунатҳои Карочӣ бо тирандозии афроди мусаллаҳ ва қатли як намояндаи собиқи порлумони Покистон аз узви ҳизби ҳоким оғоз шуд.