КУШТА ШУДАНИ ЯК САРВОНИ МАРЗБОН ДАР ШӮРООБОД
Ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистон аз кушта шудани як сорвони ин нерӯҳҳо дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон хабар додаанд. Як манбаъ аз ин нерӯҳҳо мегӯяд, ки ҳодисаи кушта шудани Рамзӣ Гулобов, муъовнини раиси постгоҳи марзии ноҳияи Ҳамадонӣ дар назди рустои Шоуни ноҳияи марзии Шӯрообод рух додааст.
Гуфта мешавад сарвон Гулобов ҳангоме, ки аз мураххасӣ аз Бадахшони Тоҷикистон ба постгоҳи марзии Ҳамадонӣ, макони кораш бозмегаштааст, кушта шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, сарвон Гулобов дар роҳи бозгашт бо гурӯҳе аз сокинони Афғонистон рӯбарӯ шудааст, ки марзро ғайриқонуни убур карда дар қаламрави Тоҷикистон сангар гирифта буданд.
Ва ин сарвони марзбонӣ қасд доштааст, ки марзбонони тоҷикро, ки дар постгоҳи Хирманҷойи ноҳияи Шӯрообод мустақар будаанд, дар ҷараёни ҳодиса гузорад. Вале яке аз марзшикананон ба сӯйи вай тир кушода ӯро ба ҳалокат расонида ва сипас ҳамроҳ бо аъзои дигари ин гурӯҳ ба он сӯйи рӯдхона ба қаламрави Афғонистон фирор кардааст. Тибқи гузоришҳои расмӣ аз аввали сол то имрӯз ин ҳафтумин ҳодисаи кушта шудани марзбонони тоҷик аз сӯйи атбоъи афғон дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон будааст.
Би-Би-Си