АҲМАДИНАЖОД ПЕШНИҲОДОТИ РУСИЯ БАРОИ ҲАЛИ МАСОИЛИ ҲАСТАИИ ЭРОНРО ПАЗИРУФТ
Маҳмуд Аҳмадинажод президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, пешниҳодоти Русия барои ҳалу фасли авзоъ дар атрофи барномаи ҳастаии кишвари худро пазируфт, хабар медиҳад, РИА «Новости».
Тибқи ҳамин гузориш, ба нақл аз хабаргузории «Ирно» президенти Эрон дар дидор бо Николай Патрушев, дабири шӯрои амнияти Русия гуфт: «Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ибтикори амали Русия дар тарҳи ҳалли масъала, қадам ба қадам истиқбол мекунад ва омодагӣ дорад дар танзими пешниҳодоте барои таъамул ва ҳамкорӣ дар ин хусус мушорикат дошта бошад».
Дар ҳоли ҳозир Патрушев барои як боздиди расмӣ дар Эрон ба сар мебарад.
«Рӯзгор»