ТАСЛИМИ ДОВТАЛАБОНАИ АСЛИҲА ДАР БАДАХШОН
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз таслими довталабонаи аслиҳа дар вилояти Бадахшони ин кишвар хабар додааст. Бар асоси иттилоъи дафтари матбуъотии ин вазоратхона, мақомоти зарабти ин вилоят то ҳол беш аз 30 адад силоҳро аз сокинон ҷамъоварӣ кардаанд. Ниҳодҳои интизомии шаҳри Хоруғ хабар медиҳанд, ки аз ин миқдор аслиҳа 11 худкори Калашников, 3 адад милтиқ ва 12 таппонча будааст.
Дар соли 1994 раиси ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи як фармон таслими аслиҳа ба мақомоти интизомиро эълом кард ва бар асоси он афроде, ки довталабона силоҳашонро ба мақомот месупоранд, муҷозот намешаванд. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз он замон то ҳол беш аз 33 ҳазор силоҳ аз мардум ҷамъоварӣ шудааст. Вале, бо дарназрдошти мавориди зиёди кашфи махфигоҳҳои аслиҳа дар чанд соли ахир дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон, коршиносон бар ин ақидаанд, ки то ҳол миқдори қобили мулоҳизаи аслиҳаи ғайримуҷоз дар дасти сокинон боқӣ мондааст.
Зимнан, таслими довталабонаи силоҳ дар Бадахшон дар остонаи сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ин минтақа анҷом шудааст. Гуфта мешавад, ки теъдоди зиёде кормандони ниҳодҳои интизомӣ аз ҷумла маъмурони амниятии Тоҷикистон ҳафтае қабл ба Бадахшон эъзом шудаанд ва машғули таъмини амнияти ин сафари президент Раҳмон ҳастанд.
Би-Би-Си