16:46:52 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РОБИН ОРД-СМИТ САФИРИ ОЯНДАИ БРИТАНИЯИ КАБИР ДАР ТОҶИКИСТОН

Чоруми август аз Сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон  ба сомонаи “Рӯзгор”хабар доданд, ки сар аз моҳи марти соли 2012 вазифаи сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистонро ба ҷои ҷаноби Тревор Чарлз Мур, ки барои хизмат ба хадамоти дипломатии кишвар бармегардад,  ҷаноби  Робин Ҷереми Орд-Смит иҷро хоҳад кард.

/images/stories/2011/08/05_uk-in-tajikistan_5.8.2011.jpgҶаноби Робин Орд-Смит  соли 1989 фаъолияти хешро дар Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир оғоз намуд ва дар тӯли фаъолият дар вазифаҳои гуногуни дипломатӣ, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ берун аз он, аз ҷумла, Ҷопон, Малайзия, Руминия  ва Алжир хизмат намудааст.

Ҷаноби Робин Орд-Смит  ҳамчунин дар сохтори хусусӣ ба ҳайси менеҷер оид ба маркетинг дар ширкати BAE SYSTEMS дар Ҷопон, дар Вазорати корҳои хориҷии Олмон ва то рӯзҳои наздик дар Қасри Букингем ҳамчун ёвари шоҳзода- Герсоги Йорк хизмат кардааст. Ҳоло ӯ ба ҳайси Директори Раёсати Британияи Кабир оид ба савдо ва сармоягузорӣ дар Ироқ хизмат мекунад. Ӯ бо Таня Орд-Смит, зодаи Валлис хонадор аст. Онҳо соҳиби ду писар мебошанд.

Дар хабар инчунин омадааст, ки дар робита  ба ин таъинот ҷаноби Орд-Смит изҳор намуд, ки «Ман ҳам шарафманд ва ҳам хурсандам, ки намояндагии Маликаи Британияи Кабирро дар Тоҷикистон муаррифӣ менамоям. Ман кӯшиш мекунам, ки дастовардҳои ҷаноби Тревор Мурро таҳким бахшида,  рушди минбаъдаи Британияи Кабир, субот ва васеъ гаштани манфиатҳои сиёсии барои ҳарду ҷониб муфидро идома диҳам. Ман ҳамчунон омода ҳастам, ки ба васеъ намудани муносибатҳои савдоӣ ва сармоягузориро миёни ду кишвар ҳамаҷониба дастгирӣ намоям.»

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi