МУЛЛО УМАР ДАР ХОКИ ПОКИСТОН АСТ
Сухангӯи идораи амнияти миллии Афғонистон дар вокуниш ба изҳороти яке аз намояндагони маҷлиси ин кишвар, ки гуфта буд: «Мулло Умар, саркардаи Толибон дар хоки Афғонистон ва дар хонаи ӯ ба меҳмонӣ омадааст», - гуфт: «Мулло Умар дар Покистон ба сар мебарад».
Ба гузориши рӯзи сешанбеи «Ирно», Лутфуллоҳ Машъал дар гуфтугӯ бо телевизиони «Тулӯъ»-и Афғонистон изҳор дошт: «Мулло Умар дар Кветаи Покистон зиндагӣ мекунад ва наметавонад ба таври ошкоро вориди хоки Афғонистон шавад. Вай афзуд: «Агар Мулло Умар зинда бошад, ё дар ихтиёри дастгоҳи иттилоотии Покистон аст, ё ӯро пинҳон кардаанд то ба сарнавишти Усома Бен Ладен, сардори Алқоида дучор нашавад».
Ҳаммо Султонӣ, намояндаи мардумии Ғазнӣ дар порлумони Афғонистон чанд рӯзи пеш дар саҳнаи ин ниҳод ошкоро гуфт: «Мулло Умар дар Афғонистон ба сар мебарад ва ҳамроҳ бо 12 нафар аз ҳамроҳонаш меҳмони хонаи мост».
Вай гуфт: «Ба давлат гуфтам, ки Мулло Умар хоҳони музокира аст, аммо раисҷумҳур ин мавзӯъро намепазирад».
Сухангӯи идораи вазорати амнияти миллии Афғонистон ин изҳоротро нодуруст медонад. Мулло Умар саркардаи гурӯҳи Толибон дар феҳрасти сиёҳи Шӯрои амнияти Созмони Милал қарор дорад. Сарнавишти саркардаи Толибон, ба вижа пас аз эъломи хабари марги Бен Ладен бисёр хабарсоз шудааст.
Авоили имсол ва муддати пас аз хабари марги Бен Ладен, телевизони «Тулӯъ»-и Афғонистон аз қавли як манбаи мавсуф разведчики афғон гузориш дод, ки Мулло Умар дар ҳоли интиқол дар хоки Покистон кушта шудааст.
Ин хабар тавассути манобеи расмӣ тайид ва такзиб нашуд ва идораи амнияти миллии Афғонистон низ нопадид шудани Мулло Умарро мавриди тайид қарор дод, то ин ки намояндаи мардуми Ғазнӣ дар маҷлиси Афғонистон мегӯяд, ки ӯро дар хонааш меҳмонӣ кардааст.
Баҳс бар сари маҳали Мулло Умар дар ҳолест, ки Амрико ва Англия пас аз 10 соли ҳузури нокоми дар ҷанг ва афзоиши ноамниҳо дар Афғонистон ба шиддат тарҳи музокира бо Толибонро дунбола мекунанд.
Манбаъ: Хабаргузории «Ирно»