02:15:48 08-уми Декабри 2021 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Ноябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

САФАРИ ВАЗИРИ ХОРИҶАИ ТОҶИКИСТОН БА ТУРКМАНИСТОН

Ҳамрохон Зарифӣ - вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, барои анҷоми музокироти иқтисодӣ ва сиёсӣ ба Ашқобод сафар кард.

/images/stories/2011/08/02_h.zarifi_2.8.2011.jpgБа гузориши хабаргузории «Форс» дафтари матбуотии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар иттилоияе мулоқоти ҷудогона бо раисҷумҳур, вазири хориҷа ва муовинони раисиҷумҳур дар умури нафт ва газ, иртиботот ва бозаргонӣ ва саноати нассоҷии Туркманистон аз барномаҳои муҳими Зарифӣ ва ҳайати ҳамроҳи вай ба Ашқобод эълом кард.

Ба гуфтаи ин манбаъ, интиқоли маводҳои нафтӣ аз қабили бензин аз Туркманистон ба Тоҷикистон аз мавзуъоти аслии ин музокирот хоҳад буд. Дар ин иттилоияи дидор ва гуфтугӯ бо Рашид Муродов - вазири умури хориҷа, Боймурот Ҳоҷимуҳаммадов - муовини кабинаи вазир дар умури маводҳои нафтӣ, Д.Орзаф - муовини кабина дар умури иморот ва энергетика, Назаргулӣ Шогулиев – муовини раиси давлат дар умури муҷтамаъи ҳамлу нақл ва иртиботот ҳамчунин Оразмурод Қурбонназаров – муовини кабина дар умури саноат ва тиҷорати Туркманистон низ аз дигар барномаҳои ин сафар унвон шудааст.

Коршиносон ҳадаф аз ин сафарро ба афзоиши қиммати маводи сухти воридотӣ аз Русия ба ин кишвар муртабит медонанд. Ба гуфти онҳо, ба далели ин ки қиммати маводҳои нафтӣ барои Тоҷикистон ва аз ҷумла бензини воридотӣ аз Русия дар ин кишвар афзоиш ёфтааст, боиси афзоиши қиммати коло ва маҳсулоти дигар дар бозори Тоҷикистон шудааст, мақомоти Душанбе бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз густариши беш аз беш таварум дар кишвар ба фикри ҷустуҷӯи кишвари дигари содиркунандаи маводи сухтӣ афтодаанд.

Ба ҳар ҳол афзоиши пай дар пайи молиёти маҳсулоти нафтӣ аз сӯи Русия сабаб шуд, давлати Тоҷикистон барои таъмини маводҳои сӯхти нафтии арзон бояд стратегияҳои навро қабул кунад, ки равобити дӯстона ва суннатии байни Душанбе ва Ашқобод, ки дорои захираи саршори газ ва тавлиди зиёд ва арзони маводҳои нафтӣ аст, ҳамкориҳои ҷадид дар заминаи харид ва фурӯши ҳомилҳои энергетикӣ байни ду кишварро эҷод мекунад.

Аммо ин коршиносон мӯътақиданд, ки ҳатто агар бо мақомоти турман дар ин замина тавофуқ сурат гирад, боз ҳам мушкили тронзити он аз хоки Ӯзбакистон боқӣ мемонад.

Тайи чор моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми мубодилоти бозаргонӣ байни ду кишвар болиғ бар 50 миллион доллар бароварда шудааст, ки бахши умдаи онро содироти маводҳои сӯхти нафтӣ, кимиёвӣ, маҳсулоти нассоҷии Туркманистон ба Тоҷикистон ташкил медиҳад. Туркманистон низ маҳсулоти алуминиюм, меваҳои тару тоза, хушк ва дигар маҳсулоти кишоварзиро аз Тоҷикистон ворид мекунад.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi