00:22:29 28-уми Апрели 2025 сол

РАИСИ “ТОҶИК ЭЙР” ҶОЙГУЗИНИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҶЛИСИ ДУШАНБЕ ШУД

Музаффар Исҳоқов, раиси ширкати давлатии ҳавоии “ТоҷикЭйр” дар интихоботи миёндаврии маҷлиси шаҳри Душанбе пирӯз шуд. Курсӣ дар маҷлиси Душанбе баъд аз қатъи ваколати Рустами Эмомалӣ озод шуда буд.

voting_38888.jpgРустами Эмомалӣ, ки дар баҳори соли ҷорӣ ба симати раиси бахши мубориза бо қочоқи Идораи гумруки Тоҷикистон интисоб шуд, ҳаққи вакилӣ дар маҷлисро аз даст дод. Дар интихоботе, ки 29 май дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор шуд, бояд ду номзад ширкат мекарданд. Дар канори Музаффар Исҳоқов, Некрӯй Забиров, раиси анҷумани туҷҷори Тоҷикистон низ даъвои курсии маҷлиси Душанберо дошт.

Ҳусноро Мирзоева, раиси Кумиссиюни интихоботи шаҳри Душанбе барои ироаи ҷузъиёти ин интихобот ҳозир нашуд. Масъулони шаҳрдории Душанбе гуфтанд, ки баргузории интихобот ба онҳо рабте надорад ва онҳо аз ҳаққи мудохила ба ин раванд бархӯрдор нестанд. Вале манобеъи огоҳ гуфтанд, ки чанд рӯз қабл аз баргузории интихобот, Некрӯй Забиров номзадии худро бозхонд ва ба ин тартиб Музаффар Исҳоқов бидуни рақибе дар ин интихобот пирӯз шуд.

Музаффар Исҳоқов дар авоили соли ҷорӣ ба симати раиси ширкати “Тоҷик Эйр” интисоб шуд. Дар гузашта вай раиси ширкати "Сомон Эйр" буд ва гуфта мешуд, ки оқои Исҳоқов аз шахсони наздик ба Ҳасан Асадуллоҳзода, раиси "Ориёнбонк" ва бародарзани Президент Раҳмон аст. То замони интисобаш ба раёсати ширкати "Тоҷик Эйр", Музаффар Исҳоқов муддате ба унвони ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ ифои вазифа кардааст.

Вале, ба гуфтаи шоҳидон, дар қитъаи интихоботии, воқеъ дар мадрасаи шумораи 53-шаҳри Душанбе, ки дар канори манозили бархе аз мақомоти баландпояи Тоҷикистон воқеъ аст, Президент Раҳмон барои раъй додан дар ин интихобот ҳозир нашудааст. Ҳамчунин рӯшан нест, ки оё раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар манзили худ раъй дода бошад ё хайр.

Интизор мерафт, Рустами Эмомалӣ, писари бузурги Президент Раҳмон дар интихоби ҷойгузини худ дар маҷлиси шаҳри Душанбе ширкат хоҳад кард. Вале, тибқи иттилоъи манобеъи огоҳ, ӯ низ барои раъйдиҳӣ ҳозир нашудааст. Дар Федеросиюни футболи Тоҷикистон, ки Рустами Эмомалӣ муъовинати ин ниҳодро низ бар ӯҳда дорад, иттилоъ доданд, ки вай шомили ҳайъати тими футболи “Истиқлол”-и Душанбе, ки ҳам муассис ва ҳам бозигари ин тим мебошад, ба Инглистон сафар кардааст.

Ҳадафи ин сафар тамошои бозии тимҳои “Барселона” ва “Манчестер Юнайтед” барои дарёфти ҷоми қаҳрамонҳои Урупо будааст. Гуфта мешавад, Рустами Эмомалӣ аз ҳаводорони тими “Манчестер Юнайтед”-и Инглистон мебошад. Дар мусоҳиба бо сойти интернетии тими “Истиқлол” Рустами Эмомалӣ гуфтааст, ки тими дӯстдоштааш бо ҳисоби ду баряк пирӯз хоҳад шуд. Вале, дар ин бозӣ “Барселона”-и Испониё пирӯз шуд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ