ПАРАCТОРИ УКРОИНИИ ҚАЗЗОФӢ БА НУРВЕЖ ПАНОҲАНДА ШУД
Галина Колотнитская, парастори укроинии сарҳанг Қаззофӣ, ки аз ӯ ба унвони яке аз наздиктарин мӯътамадони раҳбари Либӣ ном бурда мешавад, аз Нурвеж тақозои паноҳандагии сиёсӣ кардааст. Хонум Колотнитская бо оғози нооромиҳои Либӣ дар моҳи феврал аз ин кишвар хориҷ шуд ва ба Укроин рафт.
Гуфта мешавад ӯ дар моҳи март ба хотири дурӣ гузидан аз ин кишвар хориҷ шуд ва ба Нурвеж сафар кард. Сиу Олсен, сухангӯйи пулиси Нурвеж, хабари дархости паноҳандагии хонум Колотнитскаяро таъйид кард, вале тавзеҳи бештаре дар ин бора надод.
Галина Колотнитская замоне мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, ки сойти ифшогари "Викиликс" яке аз паёмҳои маҳрамонаи диплумотики Омрикоро мунташир кард, ки аз иттакои сарҳанг Қаззофӣ ба ӯ хабар медод. Бар асоси ин гузориш, хонум Колотнитская ҳамеша бо сарҳанг Қаззофӣ сафар мекард.
Орвид Ҳумлен, вакили муҳоҷират дар Нурвеж ба хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" гуфтааст баъид медонад ба хонум Колотнитская паноҳандагии сиёсӣ эъто шавад.
Ӯ афзуд пешбинӣ мекунад давлати Нурвеж ба хотири таҳдидҳои дигаре, ки мутаваҷҷеҳи Галина Колотнитская аст, ба ӯ иҷоза хоҳад дод ар ин кишвар бимонад, зеро мумкин аст ҳадафи маъмурони ҳукумати Либӣ қарор гирад.
Би-Би-Си