00:59:26 02-уми Июни 2025 сол

КОҲИШИ МӮҲЛАТИ ҲАБСИ ФАРЗАНДОНИ МИРЗО ЗИЁЕВ

Додгоҳи таҷдиди назар мӯҳлати ҷазои Муҳаммадризо ва Саидмуҳаммад Зиёевҳоро ба муддати 15-солӣ кам кард. Санавбар Холова, узви ҳайати Додгоҳи таҷдиди назари Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" хабари мазкурро тасдиқ кард.

dodgohВай афзуд, ки пас аз расидани эътироз ба раёсати Додгоҳи олӣ, ин парванда бозрасӣ шуда, давраи гузаронидани ҷазои Муҳаммадризо Зиёев ва Саидмуҳаммад Зиёев, фарзандони собиқ вазири ҳолатҳои изтирорӣ, 15-солӣ коҳиш дода шуд. Бино ба иттилои Додгоҳи олӣ, тақрибан ба ҳамаи афроде, ки шомили парвандаи ҳаводиси Тавилдара буданд ва ба солҳои мухталиф аз озодӣ маҳрум шуда буданд бознигарӣ сурат гирифтааст.

Аз ҷумла, ду нафари онҳо ба шумули Абдусамад Зиёев, бародари вазири собиқи ҳолатҳои изтирорӣ Мирзо Зиёев ва Маҳсиддин Муҳиддинови 66-сола озод шудаанд. Дар миёни ин афрод, ки мӯҳлати ҳукми онҳо коҳиш ёфтааст, як шаҳрванди Русия низ мебошад. Ин афрод бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи августи соли гузашта маҳкум шуда буданд.

Додгоҳ ин афродро бо иттиҳоми даст доштан дар нооромиҳои шарқи Тоҷикистон ва ҳамдастӣ бо гурӯҳи Неъмат Азизов ва Мирзо Зиёев дар тобистони соли 2009 аз озодӣ маҳрум карда буд. Аз ҷумла, фарзандони Мирзо Зиёев Саидмуҳаммад ба мӯҳлати 29 сол ва Муҳаммадризо ба муддати 30 сол аз озодӣ маҳрум шуда буданд.

Мирзонабии Холиқзод, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854