00:05:13 03-уми Июни 2025 сол

МАҲДУДИЯТИ ШАДИДИ НЕРӮИ БАРҚ ДАР ТОҶИКИСТОН

Ширкати "Барқи тоҷик" аз маҳдудияти шадиди интиқоли нерӯи барқ дар манотиқи Тоҷикистон хабар дод.Холмаҳмад Одинаев, як масъули ин ширкат гуфт, шурӯъ аз рӯзи 20-уми март, яъне дар остонаи иди Наврӯз, лимити интиқоли неруи барқ ба аҳолии кишвар оғоз шудааст.

Барки точикВай ин амрро ба сабаби ба маротиб кам шудани мизони об дар рӯдхонаи Вахш унвон кард ва гуфт, "ҷоришавии об дар рӯдхонаи Вахш то ба 63-70 метри мукааб дар як сония расидааст, ки дар муддати аз соли 1932 то ин вақт инро муқоиса кунем, 3,5 маротиба камтар аст." Масъулони ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, иншоотҳои ҳаётан муҳим дар шаҳри Душанбе бо нерӯи барқ ба таври комил таъмин буда, аммо барои сокинон танҳо шабона ду соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад.

Ин дар ҳолест, ки дар фасли тирамоҳ ва зимистон аҳолии Тоҷикистон нисбат ба солҳои пеш дар шабонарӯз ҳудуди 10 то 12 соат бо нерӯи барқ таъмин шуда буданд ва як моҳе қабл маҳдудияти рӯзонаи интиқоли неруи барқ аз байн бардошта шуд. Аммо ҳамакнун ҷорӣ шудани реҷаи махсуси интиқоли неруи барқ ба аҳолӣ дар остонаи ҷашни Наврӯз нигарониҳои сокинонро ба бор овардааст.

Маҳмад, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, "мо бегоҳӣ танҳо ҳудуди ду соат барқ доштем, дигар барқ аслан нест. Хайрият ҳаво каме ҳам бошад нисбат ба рӯзҳои пеш гарм шудааст, вагарна шабона барои кӯдакон хеле душвор аст."

Аммо Абдукарим, сокини ноҳияи кӯҳистонии Шӯрообод мегӯяд, "се рӯз боз барқ нест. Рӯзи пеш як соат, дирӯз як соат доданд. Мардум ҳама сарсону саргардон, намедонанд чӣ кор кунанд. Кӯҳистон нисбат ба водӣ сардтар аст. Рӯз мешавад мардум дар байни деҳа ҷамъ мешаванд. Ман, ки раиси хоҷагӣ ҳастам, муроҷиат мекунанд, аммо намедонам, чӣ ҷавоб диҳам."

Дар зимн, маҳдудияти нерӯи барқ дар беш аз даҳсолаи ахир дар фасли тирамоҳ ва зимистон ба иллати камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон сурат мегирад. Зеро бар асоси иттилои мутахассисони бахши энержии Тоҷикистон, мизони камбуди нерӯи барқ дар фасли тирамоҳ ва зимистон беш аз 3 миллиард киловат соатро ташкил медиҳад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854