16:29:04 04-уми Июни 2025 сол

НАХУСТИН РАДИОИ ҲИЗБӢ ТАЪСИС МЕШАВАД

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ба таъсиси як радиои ҳизбӣ омодагӣ мегирад. Қарори таъсиси радиои ҳизбӣ аз сӯи раиси ин ҳизб Эмомалӣ Раҳмон имзо шудааст. Усмон Солеҳ-мудири шӯъбаи таблиғот ва иттиллооти ҲХДТ таъйид кард, ки бо дастури раиси ҳизб, дастгоҳи марказии ҳизб муваззаф шудааст, ки дар давоми як моҳ ин масъаларо баррасӣ ва натиҷаашро гузориш диҳад.

 

radioИн мақоми ҲХДТ афзуд, ки ҳадаф аз роҳандозии ин радио таблиғ ва ташвиқи густардаи ормонҳои ҳизби халқӣ-демократӣ дар ҷомеаи кишвар ва бахусус дар арафаи интихоботи раёсати ҷумҳурист, ки ба баргузории он то ду соли дигар фурсат мондааст. Оқои Солеҳ зикр кард бо таваҷҷӯҳ ба имкон ва эҳтимоли шиддатёбии рақобат дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ, ҲХДТ талош хоҳад кард аз имконот ва василаҳои лозим барои касби бештари раъйи мардум истифода кунад. Ин манбаъ афзуд , ки дар ибтидои фаъолияти худ радиои ҲХДТ барои шаҳри Душанбе ва манотиқи наздимарзии кишвар барномаҳо таҳия хоҳад кард.

 

Зимнан ин нахустин радиои ҳизбӣ аст, ки баъди касби истиқлолият дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ мекунад. Вале ҲХДТ муассиси ин радио ҳамчунин нашрия ва маҷалаллаҳои сершуморе низ дорад, ки ҳам дар марказ ва ҳам дар манотиқи кишвар муназзам нашр мешаванд. «Минбари халқ»-нашрияи марказии ин ҳизб бо болотарин тираж беш аз 43000 нусха мунташир мешавад. ҲХДТ ҳоло дар суфуфи худ 135 ҳазор узвро гирд оварда ва раҳбарии онро раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бар ӯҳда дорад.

 

"Садои Ховар" низ таъсис мешавад

Талошҳои ҲХДТ барои роҳандозии шабакаи радиоӣ дар ҳолест, ки хабаргузории расмии давлати Тоҷикистон - «Ховар» аз таъсиси радиоие бо номи «Садои Ховар» дар остонаи иди Наврӯз хабар дода буд. Садриддин Шамсиддинов, раиси хабаргузории расмии давлати Тоҷикистон дар сӯҳбат бо РО ин хабарро таъид кард ва гуфта буд, ин иқдом дар чаҳорчӯби омодагиҳо барои таҷлили 20 -умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон сурат мегирад ва ҳадаф аз таъсиси ин шабака, ки давлатӣ аст, таъмини фазои иттилоотии кишвар мебошад.

 

Ба гуфтаи ҷаноби Шамсиддинов, ҳоло омодагиҳои фаннӣ ва эҷодӣ барои роҳандозии ин шабака дар хабаргузории расмии давлати Тоҷикистон - «Ховар» ҷараён дорад ва ин радио дар остонаи иди миллии мардуми тоҷик- Наврӯз ба фаъолият оғоз хоҳад кард. Ҷаноби Шамсиддинов афзуд, «Садои Ховар», шабакаи хабарӣ ва тафреҳӣ хоҳад буд ва барномаҳоро ба таври шабонарӯзӣ пахш хоҳад кард.

 

Аммо дар қадами аввал қарор аст, ки доираи пахши ин шабака шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи онро фаро бигирад ва дар оянда ба гуфтаи дастандаркорони он, талош хоҳад шуд, то барномаҳои он дар тамоми қаламрави Тоҷикистон пахш шаванд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки «Садои Ховар» шабакаи давлатӣ хоҳад буд, дастандаркорони он умедворанд, ки дар роҳи роҳандозии ин шабака, мушкилоти молие пеш нахоҳад омад.

 

Аммо раиси хабаргузории расмии давлати Тоҷикистон мегӯяд, ба хотири фаъолияти ҳирфаӣ доштани ин шабака ва таъмини умури фаннии он, аз нерӯи мутахассисон ва кормандони радиои Тоҷикистон истифода хоҳад шуд ва ҳамкорӣ бо дигар шабакаҳои радиои маҳаллӣ ва мустақил низ сурат мегирад.

 

Роҳандозии шабакаи радиоии «Садои Ховар» тавассути хабаргузории расмии давлати Тоҷикистон - «Ховар» дар ҳолест, ки чанде қабл аз фаъолияти ин оҷонсии иттилоотӣ 85 сол пур шуд. «Ховар» аз нахустин оҷонсиҳои иттилоотии давлатӣ дар Тоҷикистон аст, ки аз замони шӯравии пешин фаъол аст. Зимнан дар ин хабаргузорӣ 70 нафар аз кормандон ва хабарнигорон фаъол ҳастанд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4583-nakhustin-radioi-hizbi-tasis-meshavad.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854