17:20:34 23-уми Майи 2025 сол

БОЗДОШТИ АФРОДИ МУСАЛЛАҲ ДАР ХОРУҒ

 

Манобеи мақомоти дохилаи Бадахшон иттилоъ медиҳад, ки дар шаҳри Хоруғ ду нафар бо маводи тарканда дастгир шудаанд. Бино ба хабари ин сарчашма, амалиёти боздошти ин афрод дар ҳамкорӣ бо марзбонон сурат гирифта, аз боздоштшудагон 7 адад васоити мухобиротӣ, дурбин, норинҷак ва миқдори зиёди маводи таркандаи дигар мусодира шудааст. Ин афрод шаҳрвандони Тоҷикистон буда, яке аз онҳо сокини ноҳияи Исфара мебошад.

 

Афроди боздоштшуда тайи моҳи ахир дар як манзили иҷора дар шаҳри Хоруғ ба сар мебурдаанд. Гумон меравад, ки онҳо аслиҳа ва маводи таркандаро тавассути марз аз Афғонистон ворид карда, қасд доштаанд, бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар манотиқи назди Помир бипайванданд. 

Сокинони шаҳри Хоруғ мегӯянд, ки амалиёти боздошт ногаҳонӣ ва бидуни ягон тирпарронӣ пиёда шудааст. Мақомоти дохила афроди боздоштшударо барои идомаи тафтишот ба таври оҷил ба шаҳри Душанбеӣ интиқол додаанд.

Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ