08:19:53 01-уми Июли 2025 сол

13 НАФАР ДАР ШАРҚИ АФҒОНИСТОН КУШТА ШУДАНД

Мақомоти Афғонистон мегӯянд ба асари инфиҷори бумби канориҷодаӣ дар шарқи ин кишвар дастикам 13 нафар кушта шудаанд.

 

Вазорати умури дохилаи Афғонистон гуфт бархурди як ароба бо бумби канориҷодаӣ дар вилояти Пактиё дар наздикии марзи Покистон муҷиби марги сарнишинони он шудааст. Занон ва кӯдакон дар миёни қурбониёни ин ҳодиса ҳастанд.

 

Хабарнигорон мегӯянд ҳар сол теъдоди зиёди афрод дар ин минтақа ба асари инфиҷори бумбҳои дастсохт ё васоили мунфаҷираи қобили ҳидоят аз фосила кушта мешаванд.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ