06:17:58 01-уми Июли 2025 сол

РАДДИ ЗАРУРАТИ БОЗГАШТИ МАРЗБОНОНИ РУС БА ТОҶИКИСТОН

Як мақоми аршади Тоҷикистон изҳороти бархе аз дипломатҳои Русияро дар бораи бозгашти эҳтимолии марзбонони рус ба марзи Тоҷикистону Афғонистонро бановақт ва беасос номид.

 

Раиси Кумитаи қонунгузории конститутсионӣ ва ҳуқуқи инсон дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Муҳаммадалӣ Ватанов дар сӯҳбат бо хабаргузории "Азия-Плюс" гуфт, марзбонони тоҷик дар панҷ соли охир пас аз хуруҷи русҳо аз марзи байни Тоҷикистону Афғонистон дар ҳимояи марз муваффақ будаанд ва ягон сабаби ҷиддии зарурати бозгашти русҳо ба ин марз мавҷуд нест. Ҷаноби Ватанов ҳамкории ду тарафро дар тақвияти марз кофӣ номид.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ