ЗАДУХӮРД БО ҚОЧОҚБАРОН ДАР ШӮРООБОД
Шаби 7 декабр байни маъмурони пулиси ноҳияи Шӯрообод бо ду гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарони афғон задухӯрде ба вуқӯъ пайвастааст. Дар ин бора Офоқи Қодириён, сухангӯйи раёсати корҳои дохилаи вилояти Хатлон, ба Би-би-сӣ хабар дод.
Ба гуфтаи вай, дар пайи задухӯрд ин ду гурӯҳи мусаллаҳ аз марз ба хоки Афғонистон гурехтаанд. Касе аз миёни ин афрод боздошт нашудааст. Ин манбаъ афзуд, ки Аюб ва Неъматулло, ду табаъаи афғон, раҳбарони ин ду гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбари маводди мухаддир шинохта шудаанд.
Пас аз фирори гурӯҳҳои мусаллаҳ, маъмурони пулиси Тоҷикистон аз ҷойи ҳодиса 174 килуграм маводди мухаддири бангдонаро кашф кардаанд, ки афроди қочоқчӣ барои тиҷорат бо худ ба қалам рави Тоҷикистон оварда буданд.
Би-Би-Си