15:27:10 01-уми Июли 2025 сол

ТЕЪДОДИ ҚУРБОНИЁНИ ТАРКИШҲО ДАР ПОКИСТОН АФЗОИШ ЁФТ

Мақомоти Покистон аз афзоиши талафот бар асари ду инфиҷор дар шаҳри Галанаии минтақаи Мӯҳманд, воқеъ дар шимолу ғарби кишвар, хабар доданд. Бар пояи иттилоъи ахир, дар ин ҳодисаҳо дасти кам 50 нафар кушта ва 120 тани тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

 

Як маргталаб худро дар дохили биное инфиҷор кард, ки он ҷо нишасти муштараки мақомоти маҳаллӣ ва сарони қабоили пуштибон аз ҳукумати Покистон мегузашт. Маргталаби дигар худро дар беруни бино мунфаҷир кард. Масъулияти ҳамларо то ҳол касе ваё гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст. Мақомоти Покистон дар ҳамлаҳо алайҳи мансабдорони маҳаллӣ ва сарони қабоил ангушти иттиҳом сӯи мусаллаҳони “Толибон” ва аъзои “Ал-Қоида” мекунанд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ