АФЗОИШИ ИБТИЛО БА ЭЙДЗ ДАР ХАТЛОН
Намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва масъулони беҳдоштии вилояти Хатлон аз афзоиши шумори мубталоён ба вируси камбуди масунияти инсонӣ дар минтақа ибрози нигаронӣ кардаанд.
Дар маросиме, ки рӯзи чаҳоршанбе ба муносибати рӯзи байналмилалии мубориза бо вируси Эйч-ой-вӣ (ВИЧ) ва бемории ЭЙДЗ (СПИД) дар шаҳри Қӯрғонтеппа доир шуд, эълом шуд, ки шумори мубталоён ба вируси камбуди масуният нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 143 нафар бештар шудааст. Дар маҷмӯъ, шумори мубталоёон ба вируси Эйч-ой-вӣ дар вилояти Хатлон акнун ба 519 нафар расидааст. Даврон Қунғуротов, раиси маркази муқобала бо бемории ЭЙДЗ дар вилояти Хатлон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки аз ин миён 128 нафар заноне мебошанд, ки аз шавҳарони муҳоҷирашон сироят ёфта ва онҳо ҳатто кӯдаконеро бо вируси камбуди масуният таваллуд кардаанд.
Оқои Қунғуротовафзоиши гирифторони вируси Эйч-ой-ви дар вилоятро ба муҳоҷирати корӣ ва огоҳии кофӣ надоштани муҳоҷирон дар бораи ин беморӣ рабт медиҳад. Ба гуфтаи вай, бештари сироятёфтагони вируси камбуди масуният дар минтақаи Кӯлоб мушоҳада шудаанд, ки ҳоло таҳти муроқибати пизишкон қарор дошта ва ҳувияти онон аз наздиконашон ва шаҳрвандони дигар пинҳон дошта мешавад.
Дар маросими таҷлил аз рӯзи ҷаҳонии муқобала бо бемории ЭЙДЗ коршиносон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ гуфтанд, ки агарчи шумори гирифторони вируси камбуди масуният дар вилоят меафзояд, вале бештари гирифторон ба ин беморӣ дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд сабт шудаанд. Сабаби аслии афзоиши ибтило ба ин вирус зиндагии бебанду бор дар муҳоҷират ва истифодаи сузандору дар миёни мӯътодон ба маводди мухаддир будааст. Вилояти Хатлон аз лиҳози афзоиши гирифторони вируси камбуди масуният дар ҷойи севум меистад.
Би-Би-Си