04:15:48 02-уми Июли 2025 сол

БОЗДОШТИ АЪЗОИ ТАҲРИР ДАР СУҒД

Тайи беш аз ду ҳафтаи ахир дар ҳудуди вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, 10 узви фаъоли ҳизби Таҳрир аз сӯйи мақомоти интизомӣ ва амниятӣ боздошт шудаанд. Ба иттилоъи раёсати умури дохилаи вилояти Суғд, дар миёни афроди боздоштшуда ду шаҳрванди Ӯзбакистон – Саид Азизов ва Абдусаттор Азизов низ ҳастанд. Як манбаъи пулис ба Би-би-сӣ гуфт: "Ин афрод дар шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атрофи он ба паҳн кардани шабномаҳои ҳизби Таҳрир машғул буданд."

 

zaderzhanyБа гуфтаи пулис, шаби 18 ноябр дар як амалиёт Набиҷон Давлатови 42-сола, сокини ноҳияи Мастчоҳ ва ҳафтае пеш дар шаҳри Истаравшан Шавкат Муҳаммадиеви 36-сола ва Дилшод Мухторови 32-сола ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнӯъи ҳизби Таҳрир боздошт шудаанд. Дар маҷмӯъ, дар муддати беш аз ду ҳафтаи ахир аз сӯйи мақомоти интизомӣ ва амниятӣ дар вилояти Суғд 10 узви фаъоли ҳизби Таҳрир боздошт шудаанд. Пулис мегӯяд, ки дар гузашта бархе аз ин афрод барои сирқат, қочоқи маводди мухаддар муҷозот шуда буданд. Манобеъи пулиси вилояти Суғд мегӯянд, ки дар манозили афроди боздоштшуда адабиёт ва шабномаҳои таблиғотии ҳизби Таҳрир кашф ва мусодира шудааст.

 

Пештар Би-би-сӣ гузориш карда буд, ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе шаш нафар аз пайвандони як хонавода ба иттиҳоми узвият дар ҳизби Таҳрир боздошт шудаанд. Ҳизби Таҳрир як созмони мазҳабии мамнӯъ дар кишварҳои Осиёи Миёна аст, ки эҷоди хилофати исломӣ дар ҷаҳонро аз тариқи таблиғот дар миёни мусалмонон ҳадафи худ қарор додааст.

 

Тибқи мусаввабаи Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2008 ҳизби Таҳрир, ки аз соли 2001 бад-ин сӯ дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ аст, ҳамчунин ифротгаро эълом шудааст. Бар асоси ин тасмим, воридот, таҳия ва тавзеъи адабиёти ин гурӯҳ дар қаламрави Тоҷикистон ҷурм маҳсуб мешавад. Ҳамчунин пойгоҳи интернетии ҳизби Таҳрир дар Тоҷикистон масдуд ва тавзеъи наворҳои савтию видиюии ин гурӯҳ мамнӯъ шудааст.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ