11:51:27 03-уми Июни 2025 сол

МАРГИ МАРМУЗИ ЯК ОВОЗХОНИ ПАШТУ ДАР ПОКИСТОН

Пулис дар ҷанубуғарби Покистон ба таҳқиқи сабабҳои ҳалокати ҳунарпеша ва овозхони маъруфи пашту Ёсуман Гул шурӯъ кардааст. Ҷасади ин овозхони 25-сола рӯзи шанбе аз манзилаш кашф ва ба бемористони Кветта интиқол дода шуд.

 

Ёсуман Гул бо хондани таронаҳои мардумӣ дар миёни паштуҳои ҳам Покистону ҳам Афғонистон маъруфият дошт. Ӯ ахиран баъди издивоҷ аз идомаи ҳунарнамоӣ даст кашид. Модари овозхон акнун шавҳар ва додарарӯси ӯро дар қатли Ёсуман айбдор мекунад. Аммо ба гуфтаи пулис, шавҳараш ин иттиҳомро радд кард, ғолибан истифодаи беш аз ҳадди машруботро иллати марги Ёсуман номидааст.

 

Соли гузашта дар Пешовар овозхони дигар Аймон Удас низ кушта шуда буд. Ва дар рӯзи марги Ёсуман Гул хабар омад, ки Мушарраф Бангош, як хонандаи дигари пашту ҳамроҳ бо 3 дӯсташ дар минтақаи Миралии Вазиристони шимолӣ, дар роҳ ба сӯи Пешовар рабуда шудааст.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854