01:22:37 02-уми Июли 2025 сол

БОЗОР СОБИР БА ВАТАН БАРМЕГАРДАД

Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик шоири шинохтаи тоҷик Бозор Собир ба ватан бармегардад. Алҳол,  Бозор Собир дар  пойтахти Русия шаҳри Маскав қарор дорад. Шоири тоҷик, ки барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи  Абӯабдулло Рӯдакӣ мебошад, муддати 16 сол аст, ки дар шаҳри Сиэтли Амрико кору зиндагӣ дорад. Дар ин муддат охирин маротиба соли соли 2004 ба Тоҷикистон омада буд.

 

Бозор Собир, ки яке аз шоирони маъруфи адабиёти муосири тоҷик аст, 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод таваллуд ёфта, баъди хатми Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар соли 1962 дар маҷаллаҳои «Маориф ва маданият» ва «Садои Шарқ» фаъолият кардааст. «Аз гули хор то симхор», «Оташбарг», «Бо чамидан бо чашидан», «Чашми сафедор», «Офтобниҳол» аз гулчини ашъори нотакрори шоири тоҷик аст, ки Бозор Собирро машҳур гардонидаанд. Ашъори шоир бо забонҳои гуногуни халқҳои ҷаҳон тарҷума ва нашр гардидааст.

 

Марзия Саидова, АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2700-2010-07-17-16-07-12.html

 

 

Шарҳҳо   

 
+1 #1 RE: БОЗОР СОБИР БА ВАТАН БАРМЕГАРДАДGuest 17.07.2010 23:46
Sobir inak ba kadam raftu ba sar bozomad
Shoiri millati ashobi nazar bozomad.
Khastai ghurbatu savdozadai khoki diyor
Yusufi Misri ba Kan'oni padar bozomad.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ