МАҲКУМИЯТИ ЯК ФАЪОЛИ ҲНИТ ДАР РОБИТА БО ИНТИХОБОТ
Додгоҳи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон, як фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ин ноҳияро ба як соли зиндон маҳкум кардааст. Додгоҳ Муҳаммадрӯзӣ Бурҳоновро, ки дар интихоботи порлумонии 28 феврал аз сӯйи ҲНИТ узви кумисиюни маркази раъйгирии шумораи 20 дар ин ноҳия буд, дар дасткории орои интихоботӣ муҷрим шинохтааст.
Ба гуфтаи Киромиддин Муродов, қози додгоҳ, ин узви ҲНИТ бар асоси моддаи 150 қонуни ҷиноии Тоҷикистон, қисми ду, ва моддаи 152 барои мамонеъат аз кори кумисиюни интихоботӣ ва тақаллуб ё дасткории баргаҳо ва асноди раъй маҳкум шудааст. Вай афзуд, ки оқои Бурҳонов дар ҷараёни муҳокима ба бархе аз гуноҳони худ иқрор кардааст. Масалан, ҳангоми муҳокима собит шудааст, ки вай дар ҷараёни интихоботи порлумонии 28 феврал баргаҳои раъйро ба ҷойи зану духтар ва писараш пур кардааст.
Ҳамчунин, оқои Муродов гуфт, ки ин фаъоли ҳизби наҳзати исломӣ дар ҷараёни раъйгирӣ бо ангушташ ба як раъйдиҳанда ишора кардааст, ки ба тарафдорӣ аз намояндаи ҳизби ӯ раъй диҳад. Гуфта мешавад, он замон дар ин маркази раъйгирӣ як намояндаи ҳизби ҳокими халқи демукрот бо намояндаи ҳизби наҳзати исломӣ рақобат мекард.
Ба гуфтаи манобеъи додгоҳ, аҳли хонаводаи оқои Бурҳонов ба бемории сил мубтало будаанд ва худи ӯ аз замони боздошташ дар 27 март то кунун мавриди муъолиҷаи пизишкон қарор доштааст. Додгоҳ бо таваҷҷуҳ ба бемории аҳли хонаводааш ва "иқрори вай ба гуноҳонаш" муҳлати ҷазои ӯро то ба як сол коҳиш додааст.
Аммо Абдураҳмон Тураев, вакили мудофеъи Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов ва бархе аз пайвандонаш, ки аз Қирғизистон ба вилояти Хатлон омадаанд, ҳукми додгоҳ алайҳи ӯро ғайримунсифона хонда ва гуфтаанд, ки то даҳ рӯзи дигар ба додгоҳи вилояти Хатлон дар ин бора шикояти истинофӣ хоҳанд бурд.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ, ки фаъолонаш дар ҷараёни интихоботи порлумонии 28 феврал аз мавориди зиёди тақаллуб ва тахаллуфоти интихоботӣ гузориш дода буданд, дар мавриди ҳукми додгоҳи ноҳияи Вахш ибрози норизоятӣ кардааст.
Саидумар Ҳусайнӣ, намояндаи порлумон ва муъовини раҳбари ҲНИТ, пештар гуфта буд, ки ҳайъате аз масъулони ҳизб бо вуҷуди талошҳои зиёд натавонистаанд бо ин фаъоли ҳизб дар боздоштгоҳ дидор ва мулоқот кунанд. Додситонии ноҳияи Вахш қаблан Муҳаммадрӯзӣ Бурҳоновро бар асоси моддаҳои 151 ва 189 қонуни ҷиноӣ ба дасткории асноди интихоботӣ ва барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳаллӣ ва динӣ муттаҳам карда буд.
Аммо ба гуфтаи манобеъи ҲНИТ, иттиҳоми таҳрики хусумати нажодию динӣ ва қавмӣ алайҳи ӯ исботи худро наёфтааст ва додситон оқои Бурҳоновро танҳо ба ин муттаҳам кардааст, ки вай худаш чаҳор баргаи раъйи мутаъаллиқ ба аъзои хонаводаашро хат задааст.
Ин нахустин мавриди маҳкумияти як фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар иртибот бо интихоботи гузаштаи порлумонӣ дар ин кишвар аст. Ҳарчанд ин ҳизб дар ҷараёни корзори интихоботӣ ва замони раъйгирӣ аз мавориди густардаи тахаллуфоти интихоботӣ гузориш дода ва шикоятҳое ба додгоҳ ироа карда буд, вале баррасии ҳеч кадом аз ин шикоёт ба нафъи ин ҳизб тамом нашудааст.
Дар солҳои пеш низ шуморе аз фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки танҳо ҳизби расмии мазҳабӣ дар ин кишвар маҳсуб мешавад, ба иттиҳомоти дигаре, монанди чандзанӣ ва суиистифодаи ҷинсӣ аз духтаре ноболиғ ва фаъолиятҳои теруристӣ боздошт ва зиндонӣ шуда буданд.
Ахиран манобеъи пулис дар минтақаи Кӯлоб хабар доданд, ки алайҳи Клик Абдуфаттоҳ Абдухолифов, яке аз фаъолони ин ҳизб дар ноҳияи Восеъ, дар ҷануби Тоҷикистон, ба иттиҳоми даст доштан дар қочоқи инсон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Аммо ҳизби наҳзати исломӣ бисёре аз қазоёи марбут ба аъзо ва тарафдорони худро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонад ва бо ишора ба фуқдони истиқлоли додгоҳҳо мегӯяд, ки ин муҳокимаҳо маъмулан ба таври ғайримунсифона сурат мегиранд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2462-2010-06-11-04-42-33.html