17:15:20 02-уми Июни 2025 сол

ИЗҲОРОТИ ШӮРОИ СИЁСИИ ҲНИТ

Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар ҷаласаи худ ҳаводиси рухдода бо корвони хайрияи “Озодӣ”-и ҳомили кӯмакҳои башардӯстона барои мардуми дар муҳосира қарордоштаи Ғаззаи Фаластинро мавриди баррасӣ қарор дода, амалиёти неруъҳои низомии Исроилро болои ин корвон, ки ба ҳалокати 16 нафар ва ҷароҳати даҳҳо нафари дигар гашт, шадидан маҳкум менамояд.

 

Ҳуҷум болои ин корвон намояндаггони созмонҳои ҳуқуқи башари байналмилал, Созмонҳои Хайрия ва як идда аз вакилони парлумонҳои кишварҳои гуногун шомили он буданд, бори дигар собит намуд, ки Исроил пойбанд ба ягон гунна санаду меъёрҳои байналмилалӣ набуда, ҳамагуна созишномаҳоро нодида мегирад ва хоҳони амнияту суббот дар минтақаи ховари миёна нест.

 

Бинобар ин, шурои сиёсии ҲНИТ аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ бахусус СММ, САҲА ва Созмони конфронси Исломӣ даъват ба амал меорад, ки ба ин амали ғайриинсонии режими Исроил бархурди ҷиддӣ намояд ва гунаҳкорони ин ҷиноятро ба ҷавобгарӣ кашанд. Ҳамзамон режими Исроил маҷбур карда шавад, то ба муҳосираи минтақаи Ғаззаи Фаластин хотима бахшад.

 

Шурои сиёсии ҲНИТ ҳамчунон ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки раёсати Шӯрои вазирони умури хориҷаи Созмони Конфронси Исломиро бар уҳда дорад, ва бо назардошти таъкиди Президенти ҶТ ба заъфи фаъолияти созмони мазкур дар ҳалли қазияи Фаластин, пешниҳод менамояд, ки ба намояндагӣ аз мардуми мусалмони Тоҷикистон ин амали ваҳшиёнаро маҳкум намояд.

 

Дар баробари ин Шурои сиёсии ҲНИТ аз мардуми мусалмони кишвар ба хусус аз маркази Исломии Тоҷикистон ва Имом Хатибони масоҷиди ҷомеъ ва Имомҳои панҷвақтаи кишвар хоҳиш мекунад, ки бо дуъоҳои худ ҳамдилӣ ва ҳамбастагии мусалмонони кишварро ба мардуми азияткашидаи Фаластин ва озодихоҳони корвони Озодӣ иброз доранд.

 

Шӯрои сиёсии ҲНИТ, «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2412-2010-06-03-13-13-32.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854