16:58:28 02-уми Июни 2025 сол

ТАФСИЛОТИ БЕШТАРИ ҲАМЛА БА ПУЛИС ДАР ВАРЗОБ

Бар асари ҳамлаи мусаллаҳона ба пулис дар посгоҳи Варзоб як корманди Вазорати корҳои дохилӣ ҷароҳат бардоштааст. Ҳамлагарон мошини худро гузошта, фирор кардаанд ва аз даруни мошин аслиҳа дарёфт шудааст. Шоҳидон аз як ҳамлаи мусаллаҳона болои посгоҳи милиса дар минтақаи Майхураи ноҳияи Варзоб, дар роҳи Душанбе — Хуҷанд, хабар медиҳанд. Хабаргузории маҳаллии «Авасто» тафсилоти бештари ҳамла ба посгоҳи «Варзоб»-ро нашр кардааст.

 

Бино бар навиштаи ин хабаргузорӣ, кормнадони шӯъбаи мубориза бо ҷинояткории муташаккилона дар чаҳорчӯби амлаиёти «Кӯкнор-2010» дар маҳал будаанд. Онҳо як мошини “Опел-вектра”-ро бозмедоранд, ки дар дарунаш бар иловаи ронанда боз чанд мусофир низ менишастаанд.

 

Корманди пулис ба мошин наздик шуда, ронанда ва мусофиронро хоҳиш мекунад, ки аз он берун шаванд. Дар посух яке аз мусофирон ба корманди пулис оташ мекушояд ва ӯро захмӣ мекунад. Баъдан, онҳо мошинро тарк карда, аз маҳалли ҳодиса ҳама фирор мекунанд.

 

Манбаъи “Авасто” гуфтааст, аз даруни мошин як борхалта бо детонатор ва таппончаи “Валтер” бо садохомӯшкунаш дарёфт шудааст. Аммо дар айни ҳол, ҳеҷ хабари расмӣ дар ин бора ироа нашудааст. Вале бархе манобеъ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, нерӯҳои фаврӣ ба ҷои воқеъа эъзом шудаанд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2409-2010-06-03-12-45-37.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854