18:16:41 01-уми Июли 2025 сол

ЁРИИ ИМА БА ОСЕБДИДАГОНИ КӮЛОБ

Ду ҳавопаймои артиши Амрико ёриҳои башардӯстонаи ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба зарардидагони офтаҳои табиӣ дар Кӯлоб расониданд. Навбати аввали ин кӯмакҳо аз 170 хайма иборат аст. Дар ҳоли ҳозир, мардуми аз селхезӣ осебдидаи Кӯлоб дар 800 хайма дар варзишгоҳи шаҳр ба сар мебаранд. Дар маҷмӯъ, ҳукумати Амрико тасмим гирифтааст, дар ҳаҷми 550 ҳазор доллар ёриҳои башардӯстона бирасонад.

 

Ин кӯмакҳо дар пайи дархости ёрии ҳукумати Тоҷикистон аз ҷомеаи байнулмилалӣ имконпазир гаштааст. Ҳукумати Тоҷикистон ҳаҷми умумии зарар аз сел дар Хатлонро тақрибан 600 миллион доллар гуфтааст.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2355-2010-05-25-11-52-23.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ