13:47:22 02-уми Июли 2025 сол

БОЗДОШТИ 30 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР УЗБАКИСТОН

Сӣ шаҳрванди Тоҷикистон аз тарафи мақомоти амниятии Узбакистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дар вилояти Бекободи Узбакистон боздошт шудааанд.

 

Намояндаи дафтари матбуоти Кумитаи марзбонӣ дар Хадамоти амнияти миллии Узбакистон, Раззоқ Шоҳимардонов ба хабаргузории русии РИА Новости гуфтааст, ин шаҳрвандони кишвари ҳамсоя барои таҳқиқ ба дасти ниҳодҳои умури дохилии Узбакистон супурда шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ду соли охир зиёда аз шашуним ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Узбакистон боздошт шуда, ағлаби онҳо бозпас ба Тоҷикистон фиристода шудаанд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ijtimo/1850--30-.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ