01:03:31 01-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

УМРИ МАН МЕРАВАДУ ЁДИ ТУ ҲАРГИЗ НАРАВАД...

Сарояндаи шинохта, нотакрор, маҳбуб ва хушсадову хушсимои санъати тоҷик Баҳром Ғафурӣ имрӯз 7 - уми августи соли равон тахминан соатҳои 3 ба 4 - и субҳ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе воқеъ дар назди бинои марказии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба садамаи нақлиётӣ дучор гашта, ҷон ба ҷонофарин супурд.

bahromghafuri2020Баҳром Ғафурӣ ҳамагӣ 44 сол умр дошт. Баҳром Ғафурӣ 29 - уми феврали соли 1976 дар деҳаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баҳром Ғафурӣ хатмкардаи риштаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Аз Баҳром Ғафурӣ танҳо чор фарзанд - се писаре, ки яке донишҷӯ бо номи Анушервон, дигаре бо номи Эҳсон ва бо номи Юсуф нишона монданд.

Баҳром Ғафурӣ яке аз сарояндагони шинохта дар давоми 20 соли охир дар саҳнаи эстрадаи тоҷик ба ҳисоб мерафт. Таронаи аввалини Баҳром Ғафурӣ бо номи “Парешон шудӣ, ай дил” аст, ки ӯ ҳангоми соли аввали таҳсилаш дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода сароида буд. Баҳром Ғафурӣ дар байни мухлисон бо суруди “Муҳоҷирбача” ва “Орзу” машҳур гардида буд. Дар тӯли фаъолияти эҷодиаш 19 албомро ба мухлисон эҳдо кардааст.

Баҳром Ғафурӣ чандин маротиба ба дарёфти ҷоизаҳои “Ситораи сол” ва “Овозхони беҳтарин” шарафёб гардида, солҳои 2011 ва 2014 ду маротиба ба ҷоизаи маъруфи амрикоии Big Music Awards соҳиб шудааст.

Солҳои охир дар бандубаст ва офаридани филмҳои ҳунарӣ низ саҳм мегузошт. Яке аз қаҳрамонҳои марказии филми овозадори “Сукут” ба ҳисоб мерафт. Филми охироне, ки Баҳром Ғафурӣ дар он нақш офарида буд, ин филми “Риё” буд, ки соли 2019 рӯйи пардаи синамо баромад.

Ёди зиндаёд Баҳром Ғафурӣ аз дида ба дилҳо рафт ва албатта, гуфтору амали некаш то абад дар хотираи пайвандону дӯстон ва мухлисони азизи бешумораш маъво мегирад.

Равонат шоду ёдат ба хайр, манзили охиратат ободу ҷойгоҳат дар биҳишт бод Баҳром Ғафурӣ.

Ба пайвандонаш сабри ҷамил мехоҳам.

Маросими ҷанозаи Баҳром Ғафурӣ имрӯз, соати 12:00 дар манзили модараш, воқеъ дар маҳаллаи маъруф ба номи "Ҳазрати Мавлоно" – и шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Мард намирад ба марг, марг аз ӯ ном ҷуст,

Ном чу ҷовид монд, мурданаш осон куҷост...

Шервони Умриддин, Журналист



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi