17:16:28 02-уми Июни 2025 сол

Сафири тозатаъини Олмон нусхаи эътиборнома супурд

21 августи соли 2019 Сафири навтаъйини фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн нусхаи Эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода супорид.

olmon 554656565Бино ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни мулоқоте, ки баъд аз маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои  ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия гуфтугӯи судманд намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ба Сафири навтаъйини фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн барои анҷоми рисолати дипломатиаш муваффақият орзу намуд.  

Маврид ба ёдоварист, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон моҳи декабри соли 1992 барқарор шуданд. То ба имрӯз байни Тоҷикистон ва Олмон 40 санади ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расидааст. Аз ин 30 санадро созишномаҳои байниҳукуматӣ ташкил медиҳад, 9 санад созишномаҳои байниидоравӣ ва 1 санад изҳороти муштарак мебошад.

«Рӯзгор»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854