10:01:35 04-уми Июни 2025 сол

Озмуни “Зебосанам-2019” – и ширкати ватании “Тоҷик кристал” аз имрӯз шурӯъ гардид

Ширкати «Тоҷик Кристалл» мегӯяд бахшида Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Зебосанам-2019”-ро баргузор хоҳад кард. Ин ширкат ахиран эълон кард, ки даври аввали ин озмун имрӯз, 6-уми август дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ доир мешавад ва даври дуюм ва ниҳоии он моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

zeboshka 12545465Ҳадаф аз гузаронидани озмун - эҳёи анъанаҳои мардумӣ, таблиғи либосҳои миллӣ, тарғиби ҳунармандӣ дар байни ҷавондухтарон, бахусус интихоб ва пӯшидани либосҳои миллӣ, оро додани рӯю мӯй, тарзи дурусти истифодаи ҷавоҳирот аз ҷониби гулдухтарон, арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии ҷавондухтарон ва ҳидояти онҳо барои бунёди оилаи солиму баркамол мебошад.

Ширкат ин шартҳоро барои ширкаткунандагон ҳатмӣ донистааст:

муаррифии ҳусни зебоии табиӣ;

эҷодкорӣ;

санъатварӣ;

малакаи суханварӣ;

маҳорати либоспӯшӣ ва зоҳир шудан дар саҳна;

ҳаракатҳои мавзун;

маҳорати андешаронӣ;

фарҳанги зебоипарастӣ ва ҳунарнамоӣ.

«Рӯзгор»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854