22:29:55 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Интихоботи парлумонӣ дар Эрон

Дирӯз, ҷумъаи 26-и феврали 2016, дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Интихоботи Шӯрои Хубрагон ва Маҷлиси Шӯрои Исломӣ баргузор гардид. Тибқи маълумоте, ки дар расонаҳо ба нашр расидааст, 55 миллион раъйдиҳанда дар 53 ҳазор қитъаи интихоботӣ ба пойи 129 ҳазор сандуқи раъй рафтанд ва интихоби худро карданд.

606x340_325440.jpgДар ҷумлаи ин 55 миллион нафар беш аз се миллион нафарашон ашхосе буданд, ки бори аввал ба пойи сандуқҳои раъй рафтанд. Барои 290  курсии парлумон беш аз 4840 нафар довталаб ба қайд гирифта шуда буд. Яъне барои як курсии парлумон 16 нафар мубориза бурдааст. Махсусан дар шаҳри Теҳрон ин муборизаҳо хеле тезутунд сурат гирифт. Зеро барои як ҷой дар парлумон дар ин ҳавза 33 нафар байни худ талош мекарданд. Занҳо низ барои 9 ҷой дар Маҷлиси Шӯрои Исломӣ 500 нафар довталаб доштанд.

Барои ақаллиятҳои мазҳабӣ ва миллӣ дар Маҷлис панҷ ҷой ҷудо шудааст, ки намояндаҳои адёни масеҳӣ, яҳудӣ, зардӯштӣ ва ду нафар намояндаи ҷомеаи  арманҳо, ки  мебоист ба он  аъзо шаванд. Барои ин ҷойҳо низ дар ин интихобот даҳҳо нафар довталаб буданд.

Ҳамзамон бо интихоботи парлумонӣ дар Эрон дирӯз интихоботи Шӯрои хубрагон баргузор гардид, ки он 88 нафар аъзои ин мақоми роҳбарикунандаи давлатро ба муддати 8 сол интихоб карданд. Шурои хубрагон  ин ҳамон мақоми давлатиест, ки дар сурати пеш омадани зарурат раҳбари руҳонии ҶИЭ-ро интихоб менамояд.

Бояд гуфт, ки иштироки мардум дар интихоботи имсола хеле густурдатар нисбат ба интихоботҳои қабл буд. Ҳамин буд, ки дар рафти интихобот тасмим гирифта шуд, ки муҳлати раъйдиҳӣ дар ин рӯз бар хилофи муқаррарот ду соат тамдид карда шавад.

Яке аз хусусиятҳои муҳими интихобот дар Эрон он аст, ки воқеан мардумӣ ва ғайри қобили пешбинӣ мебошад. Ҳоло дар Эрон ва тамоми ҷаҳон интизори  натоиҷи интихоботанд. Зеро мубориза дар интихоботи имсола дар байни ба ном ислоҳотталабон ва мулоҳизакорон ё худ консерваторон сурат гирифт. Аз он ки кадоме аз ин нирӯи сиёсӣ дар парлумон ҷойи бештар мегирад, ояндаи  ҳаёти иҷтимоиву сиёсии Эрон ва гуфтан мумкин аст, минтақа ва ҷаҳон, хеле вобастааст-, менависанд бархе таҳлилгарони масоили сиёсӣ.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi