22:33:38 18-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Пешгирии бемории сил бо кӯмаки ИМА

Барномаи Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) оид ба мубориза бар зидди бемории сил ба муддати панҷ рӯз тренингро марбут ба ташаббуси Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) “Иштирок дар мубориза алайҳи бемории сил ENGAGE-TB” ҷиҳати ҷалб намудани чорабиниҳо дар мубориза алайҳи бемории сил дар кору фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор намуд.

usa-tjk_656124545.jpgТренинги мазкур ба чорабиниҳои марбут ба бемории сил, ки дар сатҳи ҷомеа мегузаранд, мусоидат намуда хизматрасониҳоро тавассути ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин ҳамгироӣ бо дигар бахшҳои рушд густариш хоҳад дод. Дар натиҷа, созмонҳои ғайридавлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд ин ташаббусро миёни худ ва дар ҳамкорӣ бо Барномаи миллииоид баназорати сил хубтар амалӣ намоянд. Баъд аз анҷоми тренинг, иштирокчиён гурӯҳи кориро ҷиҳати таҳия намудани Нақшаи нави миллӣ оид ба ҷалби ҷомеа дар Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ки Нақшаи миллии қаблан таҳиягардидаро оид ба тарғибу ташвиқ, коммуникатсия ва сафарбаркунии иҷтимоӣ иваз хохад кард, таъсис медиҳанд. 

Дар саросари дунё,
қариби сеяки ҳолатҳои бемории сил ташхис нагардидаанд ё ин ки ба қайд гирифта нашудаанд. Агар шахсон ҳатто бо гумони бемории сил муайян гардида бошанд, одатан ташхис ва муолиҷа дер сурат мегирад, ки он ба хурӯҷи беморӣ оварда мерасонад ва боиси масрафи зиёди муолиҷа мегардад. Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати ошкоркунӣ ва қайди бемории сил, ташаббуси ТУТ “Иштирок дар мубориза алайҳи бемории сил ENGAGE-TB” берун аз муассисаҳои тиббӣҷомеаҳо ва хонаводаҳои алоҳидаро фаро мегирад. Ҷалби аҳолии осебпазир ва дурдаст аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятӣ аксари вақт, нисбат ба муассисаҳои давлатӣ, ба таври натиҷабахш ба назар мерасад, ки он дар навбати худ дастрасиро ба хизматрасониҳои тиббӣ таъмин менамояд.

Барномаи USAID оид ба  мубориза бар зидди бемории сил ин барномаи пан
ҷсола буда, ҳадафи он аз коҳиш додани талафоти бемории сил дар Тоҷикистон иборат мебошад. Он ба беҳтар намудани сиёсати миллӣ оид ба бемории сил; беҳдошти дастрасӣ ба ташхис ва муолиҷа барои гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ, мусоидат ба низоми нигоҳубини ба бемор нигаронидашуда; инчунин тақвияти лабораторияҳо ва дигар қисмҳои низоми тандурустӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва водии Рашт. USAID - агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ созмони пешсафи Ҳукумати ИМА мебошад, ки дар якҷоягӣ бо мардуми Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба пешрафти иҷтимоиву иқтисодии кишварҳо мусоидат менамояд-, омадааст дар хабаре, ки Сафорати ИМА дар ихтиёри хабаргузориҳо гузоштааст.

“Рӯзгор”

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi