20:17:34 22-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Рӯҳи Абдухолиқ шоду хонаи охираташ обод бод!

Абдухолиқ Сӯфиев агар дар қайди ҳаёт мебуд 24-уми феврал 62 сола мешуд. Дареғо, ки миқрози аҷал риштаи умри ӯро 26-сентябри соли 2015 канда кард ва хабари маргаш ҳама ёронашро, ки дар ҳар гӯшаи олам парешон буданд, дар сӯги мотами ӯ шинонд.

abdukholiq 2154666Абдухолиқи шодравонро, ки нобинои модарзод буд, дар ҷумҳурӣ ва берун аз он ҳамчун сарояндаи таронаҳои овозхони маъруфи Машриқзамин Аҳмад Зоҳири зиндаёд мешиносанд. Воқеан дар Тоҷикистони мо овозхонҳои зиёде ҳастанд, ки асосан таронаҳои Аҳмад Зоҳирро месароянд. Дар байни онҳо яке аз беҳтаринҳо Абдухолиқ буд. Қариб дар ҳама маъракаҳои расмиву ғайрирасмӣ ӯро даъват мекарданд ва ӯ бештар сурудҳои Аҳмад Зоҳирро мехонд.

Навори мазкур се сол муқаддам дар яке аз фестивалҳои «Роҳи абрешим» сабт шудааст. Хоҳиши мо аз Шумо, дӯстони азиз, муштариёни сомонаи «Рӯзгор» ин аст, ки ба хотири шод шудани рӯҳи ин марде, ки дар зиндагияш талош мекард, ки инсонҳо ҳамеша шоду хурсанд бошанд, дуъои хайр кунед.

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi