18:23:52 02-уми Июни 2025 сол

Ҳифзи марзу буми сарзамин рисолати мардонагист

 «Артиш сипари мамлакат, кафили амният ва зиндагии осоиштаи мардум маҳсуб мешавад».

Эмомалӣ Раҳмон

«Артиши миллӣ дар радифи дигар ниҳодҳои давлатдорӣ ва сохтору мақомоти қудратӣ яке аз самараҳои истиқлолият буда, дар ташаккули низоми мудофиавии кишвар нақши муҳим дорад». Ин матлаб зимни баргузории ҷамъомад, ки ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, зикр шуд.

ruzi-artishi-milli-21652112.jpgЛутфия Абдулхолиқзода- ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти кишвар аҳли нишаст ва кулли мардуми кишварро бо ин санаи таърихии кишварамон табрик намуда, ба онҳо дар ҳимояи марзу буми кишвар, таъмини амнияту оромии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон матонату шуҷоат таманно намуд.

Зикр шуд, ки дар марҳилаи торафт вусъат пайдо кардани бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва дар ин замина фароҳам овардани шароити мусоид барои беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум вазифаи аввалиндараҷаи тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад.

Инчунин дар ҷамъомад муовини аввали директори Агентии хизмати давлатӣ Гурез Қосимзода аз таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба Артиши миллӣ ибрози назар намуда, зикр сохт, ки шуҷоату мардонагии аскарону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар идомаи корнамоиву фидокории ҳазорон родмардони сарзамини аҷдодиамон аст, зеро хизмат ба Ватан ва ҳифзи марзу буми он рисолати мардонагист.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854