18:27:57 02-уми Июни 2025 сол

Ҳукумати Сурия ба изҳороти Русия ва ИМА оид ба оташбас розӣ шуд

Ҳукумати Сурия ба шартҳои ИМА ва Русия оид ба қатъи амалиёти ҷангӣ ба шарте розӣ шуд, ки агар кӯшишҳои низомии Русия дар мубориза бо гурӯҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат ан-Нусра» ва дигарон идома ёбанд. Дар ин бора агентии SANA иттилоъ дод.

RIA-Novosti-Siriya-124578.jpgИлова бар ин, ҳукумати Сурия эълом дошт, ки омодааст бо мақомоти Русия амалиётро барои муайян намудани минтақаҳое, ки дар онҳо амалиёти низомӣқатъ мегарданд ва инчунин гурӯҳҳои иштирокдори музокирот ҳамоҳанг созад. Ҳамчунин Димишқи расмӣҳуқуқ дорад ба ҳама гуна вайрон кардани музокирот аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳҷавоб гардонад.

Ёдовар мешавем, рӯзи душанбе изҳороти муштараки ИМА ва Русия дар бораи Сурия нашр гардид, ки мутобиқи он бояд оташбас миёни неруҳои Сурия ва гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифони ҳукумат аз 27-уми феврал оғоз шавад. Аз ин созиш гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат ан-Нусра» ва воҳидҳои дигари аз ҷониби СММ террористӣ эътирофшуда истисно мебошанд.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854