05:44:20 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Маҳфили шеъри Рустами Ваҳҳоб

Имрӯз, 19-уми феврал, дар Хонаи адибони ба номи устод Мирзо Турсунзода маҳфили шеъри шоири маъруфи кишвар Рустами Ваҳҳоб, сармуҳаррири маҷаллаи адабии «Садои Шарқ» баргузор гардид, ки дар он Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон Амриддин Кабиров, овозхони хушсадо Ҷаъфари Ҷалол ва дигарон ширкат варзиданд.

Rustami_Vahhob-2016.jpgМаҳфилро бо сухани муқаддимавӣ раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ҳусни матлаъ бахшид. Ин маҳфил дар доираи чорабиниҳое сурат гирифт, ки масъулини адабиёт ва фарҳанги кишвар ба хотири бузургдошти  Наврӯзи ҷаҳонӣ таҳия ва амалӣ карда истодаанд.

Дар ҳамин чаҳорчӯба аз 19 то 24-уми марти 2016 ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои қаламрави Наврӯз баргузор мешавад. Маҳфили шеъри Рустами Ваҳҳоб оғозбахши силсилаи маҳофилест, ки шуъарои кишвар, аз ҷумла Гулназар, Меҳринисо, Раънои Мубориз, Зулфия, Камол Насрулло, ҲақназарҒоиб, Озар, Озарахш, Раҳмат Назрӣ, Аскар Ҳаким, Ато Мирхоҷа, Низом Қосим, Бозор Собир, Мӯъмин Қаноат  то 19-уми март доир хоҳанд кард.

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi