08:33:41 06-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Freedom House: Озодии матбуот ба поинтарин сатҳ афтод

Созмони “Хонаи Озодӣ” ё Freedom House мегӯяд, қонунҳои маҳдудкунанда ва хушунати зидди журналистон мизони озодии матбуотро ба пасттарин сатҳ дар зиёда аз як даҳаи охир поин овардаанд.

kharita_54124545.jpgБино бар гузориши созмони “Хонаи Озодӣ” ё Freedom House, ки рӯзи 29 апрел ба нашр расид, озодии матбуот дар соли 2014 дар 18 кишвар ва қаламрав ба гунаи ҷиддӣ коҳиш ёфт, ба вижа дар Озарбойҷон, Сербия ва Ироқ. Ин ниҳод мегӯяд, Беларус, минтақаи ба Русия илҳоқшудаи Қрим, Эрон, Туркманистон ва Узбакистон дар байни 10 кишвар ва минтақаи бадтарин барои озодии матбуотанд.

Ҳукумати Озарбойҷон, ки ҳабсу таҳдид ва бастани дафтари расонаҳоро тибқи қонунҳои амниятӣ ва вазъи изтиророӣ яке аз душманони озодии матбуот номбар мешавад. Дар ин кишвар то 1 декабр 9 журналист боздошт шудаанд.

Freedom House аз ҳабси журналисти пажӯҳандаи Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ Хадича Исмоилова ва баста шудани дафтари ин радио дар Озарбойҷон ва бозпурсӣ шудани кормандони он изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар гузориш омадааст, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаи аз тарафи Русия аннексияшудаи Қрим “намунаҳои аввал”-и онанд, ки “ҳукуматҳои саркӯбгар” ба кори хабарнигорон монеагузорӣ мекунанд.

Созмони “Хонаи Озодӣ” ё Freedom House ҳамчунин аз вазъи озодии матбуот дар Русия, Украина, Ироқ, Эрон, Сербия, Чин ва кишварҳои дигар изҳори нигаронӣ мекунад. Дар гузориш ҳамчунин гуфта мешавад, Литва, Латвия ва Молдова аз кори шабакаҳои телевизионии русӣ бо иттиҳоми “ангехтани ҷанг, паҳн кардани таҳрифи таърих ва набуди гуногунандешӣ” пешгирӣ намуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi