19:00:42 19-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Рӯҳонӣ: "Вазифаи пулис на иҷрои ислом, балки иҷрои қонун аст"

Ҳасани Рӯҳонӣ - раисиҷумҳури Эрон дар сӯҳбаташ бо фармондеҳони нерӯҳои интизомии ин кишвар гуфтааст, вазифаи пулис иҷрои дини ислом набуда, балки итоат аз қонун ва иҷрои қонун аст.

ruhany_65214545.jpgҲасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, рӯзи шанбе дар ҷамъи фармондеҳони нерӯи интизомии кишвараш гуфта, ки вазифаи пулис на иҷрои ислом, балки фақат иҷрои қонун аст. Оқои Рӯҳонӣ дар идома ин ҳарфҳои худро шарҳ дода ва афзудааст, "пулис муваззаф ба иҷрои ислом нест ва ҳеч пулисе наметавонад бигӯяд, ман ин иқдомро анҷом додам, чун худованд фармуда ё паёмбар гуфтааст. Вазифаи пулис иҷрои қонун аст ва агар ғайри ин бошад, мардумро гирифтор кардаем."

Хабаргузории нимарасмии "Форс" низ мегӯяд, Ҳасани Рӯҳонӣ бо ишора ба он бахш аз аҳкоми ислом, ки дар қонунҳои Эрон наомадааст, гуфта: "Оё пулис метавонад дар он дахолат кунад? Масалан, ҳангоми намози зуҳр пулис вориди як бонк шавад ва ба раиси бонк бигӯяд, вақти намоз аст."

Гуфтаҳои Рӯҳонӣ дар ҳолест, ки суханони вай дар тобистони соли гузашта барои дахолат накардан дар зиндагии мардум вокуниши шадиди теъдоде аз рӯҳониён, аз ҷумла имомҳои ҷумъаи Теҳрону Машҳадро ба дунбол дошт. Оқои Рӯҳонӣ тайи як суханронӣ гуфта буд, намешавад бо зӯри шаллоқ мардумро ба биҳишт бурд.

Аҳмади Аламулҳудо, имоми намози ҷумъа дар Машҳад, он вақт гуфта буд, "бадбахтии мо дар он ҷост, ки Ҳасани Рӯҳонӣҳарфҳои даврони фитнаи соли 1988-ро мезанад." Аламулҳудо изҳороти Рӯҳонӣ дар бораи таҳаммулпазирӣ дар умури диниро кори иштибоҳ хонд ва онро ба пуштибонӣ аз ҷараёни секулёр ё дунявӣ ва бедин нисбат дод.

Раисиҷумҳури Эрон дар бахше дигар аз суханонаш дар рӯзи 25 апрел бо ишора ба ин ки буҷаи нерӯҳои мусаллаҳ дар ду соли гузашта ба сурати сад дарсад пардохта шуда, афзуд, решаҳои аввалини омили ноамнӣ фақр ва бекорист.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар айёми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ борҳо барои аз байн бурдани фазои амниятӣ таъкид карда буд. Ин дар ҳолест, ки бархе аз фаъолони сиёсӣ ва фаъолони ҳуқуқи башар аз идомаи фазои амниятӣ дар давлати Ҳасани Рӯҳонӣ интиқод кардаанд. Аз ҷумла, Ширин Ибодӣ -- вакили эронӣ ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел гуфта буд, вазъияти ҳуқуқи башар дар Эрон дар замони раёсати ҷумҳурии Ҳасани Рӯҳонӣ "ба ҳамон бадии замони Маҳмуди Аҳмадинажод аст" ва дар баъзе мавридҳо ҳатто "бадтар шудааст".

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi