22:37:17 18-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

FBI ба таҳқиқи куштори 3 мусалмон дар Амрико пардохт

Се мусалмоне, ки дар вилояти Каролина, дар шимоли Амрико аз тири як марди 46-сола кушта шуданд, рӯзи панҷшанбе тайи як маросим, ки дар он беш аз 5 ҳазор нафар ширкат доштанд, ба хок супурда шуданд.

qurboniyoni-hamla-124578.jpgДар ҳоле ки зиёда аз 5000 нафар дар дафни се донишҷӯи мусалмон вилояти Каролинаи Шимолии Амрико ширкат карданд, Бюрои Федероли Пажӯҳиш ё FBI дар изҳороте эълом дошт, ки дар канори полис худ ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардааст. Таври маълум ин ниҳоди бонуфузи давлати Амрико замоне ба пажӯҳиши ин ё он ҷиноят мепардозад, ки таҳқиқи онҳо аҳамияти федеролӣ дошта бошад.

Се ҷавони мусалмон рӯзи сешанбеи 10-уми феврал дар аёлати Каролинаи Шимолӣ аз сӯи як ҳамсояи худ - марди сафедпӯст бо зарби тир кушта шуданд. Дар ҳоле ки қотил Крейг Ҳикси 46-сола ҳангоми бозпурсии полис амали худро ба адовати дарозмуддат ва ҷанҷол бар сари ҷойи мошингузорӣ рабт медиҳад, афроди дигар, аз ҷумла падари ду қурбонӣ, мегӯянд, Зиё Шодӣ Баракот, ҳамроҳи хоҳараш Разон Муҳаммад ва ҳамсараш Юср Муҳаммад Абу Солиҳа қурбонии бадбинии мазҳабӣ шудаанд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия низ аз Барак Обама - ҳамтои амрикоиаш барои сукут дар баробари қатли ин се мусалмон интиқод кардааст. Ба гузориши хабаргузории "Ройтерз", ҷаноби Эрдуғон, ки бо сафари расмӣ дар Мексика қарор дорад, гуфт, ки ба раиси ҷумҳур, муовини раиси ҷумҳури ва вазири умури хориҷии Амрико занг зада, аз онҳо хостааст, то дар баробари ин ҳодиса вокуниш нишон диҳанд.

Ба гуфтаи пулиси Амрико, Зиё Шодӣ Баракот, ҳамроҳи хоҳараш Разон Муҳаммад ва ҳамсараш Юсор Муҳаммад Абу Солиҳа аз сӯи яке аз ҳамсояҳои сафедпӯсташон кушта шуданд. Фарди муттаҳам ба ин куштор худро ба пулис супурда ва дар ҳоли ҳозир дар боздошт ба сар мебарад.

Зиё Шодӣ Баракот, донишҷӯи соли дувуми дандонпизишкӣ дар Донишгоҳи Каролинаи Шимолӣ буд. Бино ба иттилои сафҳаи ёдбуди қурбониён дар Фейсбук, ӯ ва Юсор ахиран издивоҷ карда буданд ва қарор буд ӯ низ аз тирамоҳи соли ҷорӣ дар ҳамин ришта таҳсилоти худро оғоз кунад.

Разон Абу Солеҳ 19-сола низ дар яке аз коллеҷҳои вобаста ба ҳамин донишгоҳ таҳсил мекард. Пулиси Амрико эълон кардааст, ки бар пояи таҳқиқоти ибтидоӣ, ин тирандозии хунин бинобар "ихтилоф барои паркинг" будааст. Бо ин ҳама, хонаводаи кушташудагон мегӯянд, ки фарзандонашон қурбонии бадбинии мазҳабӣ шудаанд.

Ин куштор ба мавҷе аз ибрози назарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабаб гашт. Бисёриҳо онро натиҷаи рӯҳияи мусалмононситезие медонанд, ки матбуот ва синамо парвариш додаанд. Вале ҳамсари Ҳикс мегӯяд, шавҳараш ҳеч кинае ба мусалмонон надошт ва куштор зимни ихтилофоти тӯлонии миёни ҳамсояҳо ба вуқӯъ пайвастааст. Вакили Ҳикс ва ҳамсари пешинаи ӯ гуфтаанд, ин шахс мушкили равонӣ дошт ва ҳамеша норозӣ ба назар мерасид.

Шӯрои Равобити Амрико ва Ислом, як созмони мусалмонони Иёлоти Муттаҳида рӯзи чаҳоршанбе аз мақомоти Амрико хост, хабарҳои ба дин рабт доштани ин кушторро таҳқиқ кунанд. "Ин воқеа хеле зуд ба санги маҳаки амнияти мусалмонон дар Амрико" табдил ёфт, гуфта мешавад дар изҳороти ин созмон.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi