12:20:44 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Яке аз авомили 11 сентябр шоҳзодагони Саъудиро муттаҳам кард

Закариё Мусавӣ, аз аъзои Алқоъида, ки дар иртибот бо ҳамалоти 11 сентябри 2001 дар Амрико зиндонӣ аст, иддаъо кардааст, ки баъзе аз аъзои Оли Саъуд ба таъмини будҷаи он ҳамалот кумак карда буданд.

moussaoui  3042113232Ӯ ин изҳоротро дар моҳи октябр дар баробари вукалои қурбониёни он ҳамалот, ки алайҳи Арабистон шикоят кардаанд, баён карда буд. Аммо изҳороти ӯ ин ҳафта дар вокуниш ба талоши Арабистон барои парҳез аз ба додгоҳ кашида шудани парванда аланӣ шуд.

Арабистони Саъудӣ ин иттиҳомро, ки мегӯяд аз сӯйи як "ҷинояткори равонӣ" матраҳ шуда, рад кардааст. Давлати Арабистони Саъудӣ то кунун чанд бор саъй кардааст даъвои аъзои хонаводаҳои қурбониёни 11 сентябр лағв шавад.

Оқои Мусавӣ, ки дар иёлати Кулуроду дар як зиндони бо эминии боло маҳбус аст, дар мусоҳибае нодир гуфт, ки мақомҳои "хеле маъруфи" саъудӣ, аз ҷумла шоҳзода Туркӣ Алфайсал, раиси собиқи созмони иттилоъот, аз авохири даҳаи 1990 ба Алқоъида кумаки молӣ медоданд.

Ӯҳамчунин иддаъо кард, ки бо як мақоми Саъудӣ дар Афғонистон, ки дар сафорати Амрико кор мекард, мулоқот кардааст.

Мусавӣ гуфт, ки онҳо қарор буд ба Вошингтун сафар кунанд, то нуқтае муносибро барои "шиллики мушаки истингер" ба сӯйи ҳавопаймои раёсатиҷумҳурии мавсум ба "Эйр Фурс Вон" пайдо кунанд.

Сиҳҳати иддаъоҳои ӯ, ки таҳти савганд адо шуд, тасдиқ нашудааст. Мусавӣ чанд ҳафта пеш аз ҳамалоти 11 сентябр ба иттиҳомоти марбут ба муҳоҷират дастгир шуд ва дар замони ҳамалот дар зиндон буд.

Ӯ замоне мавриди сӯизан воқеъ шуд, ки дар ҷараёни клосҳои омӯзиши парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ дар Минесуто алоқае ба омӯхтани фуруди ҳавопаймо нишон намедод. Ба гуфтаи давлати Амрико дар ҳамон замон ӯ аз яке аз вобастагони Алқоъида пул дарёфт кард.

Мусавӣ дар ҷараёни эъломи муҷозоташ дар додгоҳ гуфт ӯ бахше аз як тавтеъаи бузург барои кӯбидани як ҳавопаймои Буйнг 747 ба Кохи Сафед будааст.

Хонаводаҳои қурбониёни 11 сентябр иддаъо мекунанд, ки ҳукумати Арабистони Саъудӣ ва як муассисаи хайрияи вобаста ба он огоҳона кумакҳои молӣ ва ғайримолӣ дар ихтиёри Алқоъиа гузоштанд, ки ба ҳамалоти он дар хоки Амрико кумак кард.

Дар он ҳамалот ҳудуди се ҳазор нафар кушта шуданд. Аз 19 ҳавопайморубо, ки омили он ҳамалот буданд, 15 нафар шаҳрвандони Арабистони Саъудӣ буданд. Закариё Мусавӣ шаҳрванди Фаронса аст ва падару модараш марокашиуласл ҳастанд.

Би-би-сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi