18:37:44 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"Давлати исломӣ" халабони урдуниро "зинда ба зинда сӯзондааст"

Гурӯҳи "Давлати исломӣ" бо пахши як видео иддао кардааст, халабони асири урдуниро зинда ба зинда сӯзондааст.

khalaboni-iordan_54444554.jpgУрдун рӯзи 4 феврал дар пайи нашри видеои зинда ба зинда созондани халабонаш Муоз Ал-Касосбеҳ аз сӯи ҷангиёни созмони тундгарои "Давлати исломӣ" Соҷида Ришовӣ, як зани ироқиеро, ки ба таҳияи ҳамлаи маргталабона айбдор мешуд, ҳамроҳ бо як ҷангии дигари ироқӣ эъдом кардааст.  Ришовӣ ва Зиёд Карболӣ, як нафари шабакаи Ал-Қоида, ки бо иттиҳоми қатли як урдунӣ дар соли 2008 маҳкум шуда буд, бино ба хабарҳо, субҳи 4 феврал ба дор овехта шуданд.

Соҷида Ришовӣ ба далели нақшаша дар се бомбгузориҳои меҳмонсароҳо дар Амон, пойтахти Урдун дар соли 2005, ки даҳҳо кушта ба ҷо гузошт, ба қатл маҳкум шуда буд.

Гурӯҳи "Давлати исломӣ" бо нашри як видео мегӯяд, халабони урдунӣ Муоз Ал-Касосбеҳро зинда ба зинда сӯзондааст. Ба гузориши хабаргузориҳо, дар ин видео марде, ки гуфта мешавад Муоз Ал-Касосбеҳ, халабони урдунист, дар як қафаси оҳанӣ дар байни оташ дасту по мезанад. Аъзои хонаводаи ин халабони урдунӣ ба хабаргузории "Ройтерз" гуфтаанд, фармондеҳи артиши ин кишвар хабари марги фарзандашонро ба онҳо расондааст.

Дар ҳамин ҳол, телевизиони давлатии Урдун гуфтааст, Муоз Ал-Касосбеҳ дар воқеъ моҳи гузашта ба қатл расидааст. Ин телевизион афзуд, "халабони урдунӣ рӯзи савуми январ ва пеш аз пешниҳоди гурӯҳи "Давлати исломӣ" барои наҷоти вай ва озодии ду гаравгони ҷопонӣ ба ивази озодии Соҷида Ар-Ришовӣ, зани бамбгузорӣ ироқӣ, кушта шуда буд". Урдун пеш аз анҷоми мубодилаи зиндониён, аз гурӯҳи "Давлати исломӣ" хоста буд, то нишонаҳое аз зинда будани ин халабонро ироа намояд.

Дар видео ва аксҳои мунташиршуда дар интернет, марде, ки дар оташ месӯзад, монанди дигар асирони гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар тан либоси норинҷӣ дорад, ки дар моҳҳои гузашта кушта шудаанд. Ин гурӯҳҳафтаи гузашта аз кушта шудани ду гаравгони ҷопонӣ низ хабар дода буд.

Артиши Урдун пас аз эъломи хабари марги халабони худ гуфт, интиқоми хуни вайро хоҳад гирифт. Генерал Мамдуҳ Ал-Амирӣ, сухангӯи артиши Урдун изҳор доштааст, "хуни шаҳид барҳадар нахоҳад рафт ва... интиқомгирӣ монанд бо ин фоҷиа хоҳад буд, ки ҳама урдуниҳоро мусибатзада кардааст."

Тибқи иттилои хабаргузориҳо, Малик Абдуллоҳ, подшоҳи Урдун сафари худро ба Амрико ниматамом хоҳад гузошт ва ба кишвараш бармегардад. Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Муҳаммад Мумонӣ, сухангӯи давлати Урдун пас аз интишори хабари марги халабони урдунӣ гуфта буд ки, "Урдун посухи кӯбанда хоҳад дод." Вай изҳор доштааст, "ҳар касе ки нисбат ба иттиҳоди урдуниҳо шак дорад, собит мекунем, ки иштибоҳ мекунад". Вай гуфтааст, "халабони урдунӣ ба ҳеҷқабилаи хосе вобаста набуд ё аз як хонаводаи ҳоким барнахоста буд, ӯ фарзанди ҳама урдуниҳо буд."

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi