13:15:26 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

FBI "ҳалқаи ҷосусии рус"-ро шиносоӣ кард

Пулиси Федероли Амрико, Эф-бӣ-ой, як ҳалқаи сенафараро, ки мегӯяд барои Русия ҷосусӣ ва талош мекарданд, дар шаҳри Ню-Йурк хабарчини аҷиркунандаро шиносоӣ ва яке аз онҳоро, ки ҳанӯз дар Амрикост, муттаҳам кардааст.

attorney_general_545656.jpgДодситонҳои федерол мегӯянд, ки Евгений Буряков 39-сола, бахше аз ин ҳалқаи ҷосусӣ дар Амрико буд. Игор Споришев ва Виктор Подобний, ки иддаъо мешавад ду узви дигари ин ҳалқа ҳастанд, дигар сокини Амрико нестанд.

Оқои Буряков, ки барои як бонки русӣ дар Монҳотон кор мекард, қарор буд душанбе дар додгоҳ ҳозир шавад. Ӯ муттаҳам ба талош барои касби иттилоъоти амниятӣ дар бораи таҳримҳои билқувваи Амрико алайҳи бонкҳои Русия ва талошҳои Амрико барои тавсиъаи манобеъи энержии ҷойгузин аст.

Ҳамчунин иддаъо мешавад, ки оқои Буряков Амрикоиҳоро барои ҷосусӣ барои Русия аҷир карда буд, аз ҷумла чандин нафар, ки "корманди ширкатҳои умда буданд" ва "чанд зани ҷавон, ки ба як донишгоҳи умда дар Ню-Йурк иртибот доштанд."

Игор Споришев ва Виктор Подобний, ки ба унвони намояндагони давлати Русия дар Амрико мақоми расмӣ доштанд ба ҳамкорӣ бо оқои Буряковаз соли 2012 барои интиқоли иттилоъот ва омӯзиши соири афроди аҷиршуда муттаҳам ҳастанд.

Ин таҳқиқот бахше аз як парвандаи марбут ба соли 2010 буд, ки ба боздошт ва муқобилаи 10 маъмури рус бо Амрикоиҳои муттаҳам ба ҷосусӣ дар Русия анҷомид.

Эрик Ҳулдер, вазири додгустарии Амрико, дар баёнияе гуфт, ки ин иттиҳомот "таъаҳҳуди росихи моро ба мубориза бо маъмурони махфӣ, ки ба таври ғайриқонунӣ машғули ҷамъоварии иттилоъот ва истихдоми ҷосус дар Амрико ҳастанд, нишон медиҳад."

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi