01:00:17 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Оғози нахустин мурофиаи Фирӯз Холиқзода дар додгоҳи Душанбе

Мурофиаи ёвари додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ Фирӯз Холиқзода, ки дар ҳалокати як зани роҳрӯб дар садамаи нақлиётӣ айбдор мешавад, дар додгоҳи шаҳри Душанбе оғоз шуд.

firuz-kholiqzoda-5121545Дафтари матбуоти Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 9 декабр ба мо гуфт, ки дар нимаи аввали имрӯз мурофиаи ёвари додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ Фирӯз Холиқзода таҳти раёсати судя Тоҳирбек Тошбеков баргузор мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, мурофиаи бар асоси аризаи шикояти сокини ноҳияи Сино Мирзо Муродов, ки дар нисбати таъиноти суди ноҳияи Сино дар мавриди афви айбдоршаванда Фирӯз Холиқзода овардааст, сурат мегирад.

Ёвари додситон Фирӯз Холиқзода, ки дар ҳалокати роҳрӯби шаҳри Душанбе Зеварбону Пирова айбдор дониста мешуд, барои беэҳтиётӣ ҳангоми ронандагӣ бар асоси Қонуни авф ба муносибати 20-солагии Конститутсия, аз ҷазо озод шуд.

Аммо Мирзо Муродов, шавҳари Зеварбону Пирова мегӯяд, ҳамроҳи вакили мудофеаш имрӯз дар мурофиа суханронӣ хоҳад кард. Вай гуфт, ки Фирӯз Холиқзода сарфи назар аз он, ки ҳамсари ӯро ба мошин задааст, вале ба вай ҳеҷ кӯмак накард ва баъдан аз тарафи додгоҳ танҳо барои амали беэҳтиётӣ айбдор карда шуд ва тибқи қонуни афв парвандааш қатъ карда шуд:

“Мо комилан норозӣ ҳастем, чаро додситонии ноҳияи Сино ӯро барои зада куштани як инсон айбдор накардааст ва додгоҳи Сино низ дар нисбати вай “роҳи сабук”ро ҷустааст? Мо аз додгоҳи Душанбе талаб мекунем, ки ӯро мувофиқи аъмолаш ҷазо диҳанд”

Фирӯз Холиқзода ёвари додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки рӯзи 28 сентябр дар назди меҳмонхонаи "Ҳятт Реҷенсӣ" дар маркази пойтахт бо “Мерседес”-и худ Зеварбону Пироваи 53-соларо пахш карда, боиси ҳалокати ӯ шуд, дар чаҳорчӯби қонуни афв аз боздоштгоҳ раҳо шудааст.

Ба нақли шоҳидони ҳодиса, суръати “Мерседес”-и Холиқзода ҳангоми зарба ба тани зани 53-сола ба андозае баланд буда, ки ҷисми зан пора шудааст. Ду ҳамкори Зеварбону Пирова бо дидани воқеа аз ҳуш рафтаанд. Баъд аз зарба ронанда мошинро бознадошта, аз ҷойи воқеа фирор кард. Шахсияти ронанда танҳо баъд аз як рӯз ошкор гашт ва зоҳиран, расонаӣ шудани воқеа мақомотро водор кард, парванда боз кунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi