14:16:43 02-уми Июли 2025 сол

Ҷаласаҳои сайёри Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ оғоз гардиданд

Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилояти Хатлон, шаҳриҚӯрғонтеппа бо иштироки намояндагони шӯъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷаласаи сайёр баргузор гардид.

zan-va-jomea 45788998Дар ҷаласа масъалаҳои рӯзмарра аз қабили иҷрои барномаву стратегияҳои давлатӣ дар масоили занон, пешгирии омилҳои номатлуб, худкушӣ, ҷинояткорӣ, аз таҳсил дурр мондани кӯдакон, никоҳҳои бармаҳал, хурофотпарастӣ, ба равияҳои тундрав шомил гаштани ҷавонон мавриди баррасӣқарор гирифтанд.

Дар ҷаласа ҳисоботи мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон шунида шуда, камбудиҳои дар фаъолияти шӯъба ва бахшҳои кор бо занони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷойдошта баррасӣ гардида ба шахсони масъул оид ба рафъи камбудиҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ