Дармони зудтари захмҳо бо хушахлоқӣ
Хушахлоқӣ ва хушрафторӣ сабаб мешавад захмҳои бадан зудтар беҳбуд ёбад . Хушахлоқӣ захмҳоро зудтар хуб мекунад.
Ба гузориши пойгоҳи итилорасонии шабакаи Хабари Садо ва Симо, пажӯҳишгарон муътақиданд бадахлоқӣ ва рафтори хасмона ва хушунатомез муддати беҳбуди захмҳо ва кабудгаштагиҳоро афзоиш медиҳад, аммо хушрафторӣ ва мусбатандешӣ сабаб мешавад мизони моддаи кимиёии ситокин дар бадан афзоиш ва захмҳои бадан зудтар беҳбуд ёбад.
Ситокин сабаб мешавад ҳуҷайраҳое ки барои тармими захм ё ҳар нуқтаи осебдидаи бадан мавриди ниёзи ҳастанд, зудтар паҳн шаванд. Дар натиҷа захм зудтар беҳбуд меёбад.
Бинобарин саъй кунед хушбархурд, шодоб ва сарзинда бошед.Дустонатро бо як даъват барои хуроки шом ё наҳор ғофилгир кунед. Ба дидани хешу табори худ биравед ва саъй кунед ба мардум кумак кунед. Агар захме дар бадан дошта бошедхоҳед дид бо ин корҳо дар муддати кутоҳе хуб мешаваед.