22:34:59 01-уми Июни 2025 сол

Эҳтимоли афзоиши нархи бензин дар Тоҷикистон

Тайи рӯзҳои ахир нархи бензин дар марокизи сӯхтгирии Тоҷикистон, бо афзоиши 10 то 27 дарсадӣ и рӯ ба рӯ шуда аст. Ба гузориши сойти Азия-Плюс, воридкунандагони бензин ба Тоҷикистон иллати афзоиши қимати ин навъи сӯхтро  боло рафтани нархи он дар Русия унвон мекунанд.  

benzin-suzishvori-4574Тоҷикистон ҳамакнун 90 дарсад аз бензини мавриди ниёзи худро аз Русия ворид мекунад ва саҳми 1 миллион тон сӯхти бидуни аворизи гумрукӣ, ки қарор буд ба ин кишвар мунтақил шавад, пардохт шуда аст. Аз сӯи дигар дар дохили Русия низ қимати бензин ба далоили мухталиф дар бозори бурси энержии ин кишвар афзоиш ёфта аст.  

Ин дар ҳоле аст, ки тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ, 323 ҳазору 419  тон бензин аз Русия ба Тоҷикистон ворид шуда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл, 1439 ҳазор тон бештар буда аст.   

Коршиносони масоили иқтисодӣ муътақиданд, ки таҳти таъсири авомили мухталиф, имкони афзоиши қимати ҳар литр бензини навъи 92  ба мизони 70  то 80 дирам ва салярка ба мизони 60 то 70 дирам вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи коршиносон, агар давлати Тоҷикистон дар мавриди коҳиши қимати сӯхт дар ин кишвари иқдоме накунад, эҳтимоли афзоиши нархи бензин ба мизони якуним сомонӣ ва  салярка  ба як сомонӣ баъид нест.

Дар Тоҷикистон ба далели набуди нафт, қимати ҳар литр бензин ва саляркаи воридотӣ дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ гарон аст ва ба беш аз як евро мерасад.

http://tajik.irib.ir

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854