22:46:34 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Хабарҳои фарҳангии ҷаҳон: Анҷелина Ҷолӣ тарки синамо мекунад

Ҳунарманди маъруфи амрикоӣ Анҷелина Ҷолӣ овозаҳо дар мавриди иҷрои нақши Клеопатра дар филми тарҷумаҳолӣ аз рӯи сенарияи Эрик Ротаро тасдиқ кард. Вале гуфт, ки ин нақш шояд ба шуҳрати ӯ дар синамо поён бахшад. Тибқи иттилои The Guardian Анҷелина мехоҳад боқии умрро ба оила ва корҳои хайрия ва кӯмакҳои башарӣ бахшад.

anjelina-joly 54451212"Ман замони хуби умрамро бо як шуҳрате, ки худам ҳам умедвор набудам, пушти сар гузоштам. Вақт доштам, ки образҳои мондагорро дар кино офарам. Ва акнун мехоҳам бештар дар СММ кор кунам, ба адабиёт ва коргардонӣ машғул шавам",- гуфтааст ӯБаъди филми "Лара Крофт…" дар соли 2000 Анҷелина Ҷолӣ ба корҳои гуманитарӣҷалб шуд. Наворбардории ин филм дар Камбоҷа замоне мегузашт, ки дар ин кишвар ҷанг идома дошт. Баъди он вай ба Камбоҷа баргашт, баъдан ба урдугоҳҳои оворагони Афғонистон дар Покистон рафт ва барои онҳо 1 миллион доллар масраф намуд. Моҳи августи соли 2001 ҳунарманди машҳур сафири ихтиёрии СММ эълон шуд ва баъдан бо миссияи гуманитарӣ ба даҳҳо кишварҳои ноороми олам сафар кард ва ба дармондагон дасти ёрӣ дароз намуд.

Сноуденро кино мекунанд

snowden-080910Коргардони маъруфи Ҳоливуд Оливер Стоун тасмим гирифтааст аз рӯи яке аз китобҳо дар бораи ифшогари хадамоти махсус Эдвард Сноуден филми ҳунарӣ бардорад. Ин филм метавонад аз рӯи китоби "Файлҳои Эдвард Сноуден: таърихи ҷустуҷӯшавандатарин одами олам аз дохил" тавлид шавад, ки аввали соли ҷорӣ Люк Ҳардинг интишор додааст. Муаллиф дар ин китоб кӯшиш кардааст сарнавишти собиқ корманди хадамоти амниятии ИМА-ро тасвир кунад ва нишон диҳад, ки чӣ гуна вай дар олам соҳиби шуҳрати беандоза бузург шуд.

Салмони Рушдӣ соҳиби ҷоиза шуд

salman rushdie 45455656Муаллифи китоби моҷаробарангези "Ояҳои шайтонӣ" Салмони Рушдӣ соҳиби ҷоизаи  Pen Pinter-и ПЕН клуби Британиёӣ шудааст. Масъулини эътои ҷоиза гуфтаанд, ки онҳо Рушдиро на танҳо барои асарҳояш, балки барои корҳо ва амалҳои хайрхоҳонааш сазовори мукофот донистаанд. Салмон Рушдӣ нависандаи ҳиндутабори Британия буда, дар Бомбей таваллуд шудааст. Романи ӯ "Ояҳои шайтонӣ" муҷиби эътирози сартосарӣ дар мамолики исломӣ шуда буд ва Оятулло Хумайнӣ, роҳбари Инқилоби исломии Эрон бо фатвои худ ӯро ба марг маҳкум намуд. 

Баъи ин Рушдиро лозим омад муддате пинҳон бизияд ва нашри китоби ӯ дар кишварҳои зиёде, аз ҷумла дар ватанаш Ҳинд низ мамнуъ эълон шуд. Соли 2012 хабар дода шуд, ки як созмони динӣ аз Эрон мукофоти қатли Рушдиро аз 2,8 миллион доллар, то 3,3 миллион доллар боло бурдааст. 

Шеърҳои нави Пабло Неруда ёфт шуданд

pablo-neruda 5245412Бештар аз 20 шеъри то ба имрӯз чопнашудаи шоири машуҳри Чиллӣ Пабло Неруда аз миёни бойгонии адиб пайдо шудааст, хабар додааст шабакаи телевизионии Telesurсо истинодан  ба намояндагии Seix Barral, ки чопи достонҳои Неруда дар Амрикои Лотин дар соли 2004 ва дар Испания дар соли 2015-ро ба нақша гирифтааст. Баъзе аз ин шеърҳо дастнависанд, ки баъдан мошинчоп шудаанд. Онҳо солҳои 50-и асри гузашта дар авҷи гулшукуфти эҷодиёти шоир навишта шудаанд. Намояндагии Seix Barral гуфт, ки дар остонаи ҷашни 110-солагии дорандаи ҷоизаи Нобел Пабло Неруда ин бозёфт "рӯйдоди муҳими дорои аҳамияти ҷаҳонӣ" буда метавонад.

Пабло Неруда баъди табаддулоти Пиночет дар Чили моҳи сентябри соли 1973 бар асари бемории саратон аз олам даргузашт. Неруда, ки номи аслиаш Нефтали Рикардо Рейес Басоалто буд, на танҳо шоир, балки як фаъоли сиёсӣ ва дипломат ба шумор мерафт. Вай сенатор ва узви Кумитаи Марказии ҳизбии коммунисти Чилӣ, дорандаи ҷоизаи сталинии "Таҳкими сулҳ миёни халқҳо" (1953) буд. Мегӯянд тахаллусашро аз рӯи номи адиби чех Яна Неруда гирифтааст ва бо ин васила хостааст аз зиддият бо падараш, ки аз шоирии фарзандаш безорӣ меҷуст, гурезад.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №21, 25 июни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi