10:54:37 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Кинотеатри Горкий ба театри "Аҳорун" табдил шуд

Бинои собиқ кинотеатри ба номи Горкийи шаҳри Душанбе пас аз навсозии куллӣ дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва дар маросими ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат кард.

dushanbe_ahorun_457878.jpgИн бино аз ин ба баъд театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ё худ театри Аҳорун номида мешавад. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ, ба фаъолияти дубораи ин бино бо сифати нав оғози расмӣ бахшид.

Манбаъ мегӯяд бинои кинотеатри ба номи Горкийи шаҳри Душанбе солҳои зиёд бекор хобида, ба ҳолати ногувор омада буд. Умри дубора пайдо намудан ва ба театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ё худ театри Аҳорун туҳфа шудани он боиси шоди нишот ва сипосу қадрдонии аҳли эҷоди ин коллективи овозадор гардид.

Эмомалӣ Раҳмон намояндагони сершумори аҳли фарҳанг ва зиёиёни кишварро, ки ба ин муносибат дар ин ҷо ҷамъ омада буданд, бо ин рӯйдоди фараҳбахш ва ҳам бо арафаи ҷашни Ваҳдати миллии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, изҳори умеду боварӣ намуд, ки саҳми эҷодкорони театри Аҳорун минбаъд дар тарбияи завқу салиқаи баланди мардуми фарҳангдӯсти мо бештару беҳтар мегардад.

Бино ба навиштаи манбаъ санъаткорони театри Аҳорун порчаеро аз намоиши "Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон" пешкаш намуда, ба аҳли толор ғизои маънавӣ бахшиданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз он, ки аксари кулли коллективи 80-нафараи ин театрро ҷавонон ташкил медиҳанд, басо хушҳол гардида, изҳори боварӣ намуд, дастовардҳои аҳли ҳунару фарҳанги тоҷик бо таълиму тарбияи насли нави ояндасоз аз гузаштаю имрӯза дида намоёнтар мешавад. Сарвари давлат ҳамчунин таъкид дошт, ки барои боз ҳам ободу зебо ва ба тамоми талаботи театрӣ мутобиқ намудани ин бино ба роҳбарияти он кумак мерасонад.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №21, 25 июни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi